ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар ин рўзи мубораку хуҷаста фарзандон, хешону наздикон ва дўстон бо либосҳои зебову озода, чеҳраҳои хандону пурмеҳри худ модаронро табрик менамоянд ва дуои пурбаракати онҳоро мегиранд, зеро муқаддастарин ва воҷибтарин дуо барои инсон дуои модар аст.
Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад.
Модар ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамояд ва мекўшад, ки ўро ба сўи зиндагии шоиставу пурсаодат роҳнамоӣ созад.
Заҳматҳои беназири зан – модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ўро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ў шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар дар ҷомеа нигаронида шудаанд.
Имрўзҳо дар саросари кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасиву муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дорад, ки дар ин кори муҳим низ ширкати фаъолонаи занону модарон эҳсос мегардад.
Мову шумо ҷараёни муҳокима, пешниҳоди дархосту мулоҳизот ва ибрози назари ҳамватанонамонро дар бобати лоиҳаи қонуни мазкур тавассути васоити ахбори омма мушоҳида мекунем ва мебинем, ки аксарияти кулли шаҳрвандони огоҳу донишманд ва соҳибтаҷрибаву рўзгордидаи кишварамон нақши модар – офарандаи ҳаётро дар тарбияи фарзанд ва эҷоди ҷомеаи солим дар ҷойи аввал мегузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё