Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар инъикоси ҳаёти занон ва мушкилоти онҳо, иштироки бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ воситаҳои ахбори умум, алалхусус нашрияҳои занон бояд фаъолона саҳм гиранд.
Панҷ сол муқаддам зимни вохўрӣ бо намояндагони занони кишвар аз аҳли толор пешниҳод ворид гардид ва бо дастгирии Ҳукумат маҷаллаи давлатии “Бонувони Тоҷикистон” ҳамчун минбар ва инъикосгари зиндагии занон арзи вуҷуд намуд.
Дар ин муддат бо ташаббуси аҳли эҷоди ин муассисаи давлатӣ як сомонаи хос бо номи “Бонувони Тоҷикистон” таъсис ёфтааст, ки он ҳам барои фарогирии бештари занон ба иттилои дурусту дақиқ ва саривақтӣ хизмат мекунад.
Ҳозирини гиромӣ!
Занону модарони тоҷик дар баробари корҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама кадбонуи хонавода ҳастанд ва сарриштаи рўзгор дар дасти онҳост.
Сарфи оқилонаи буҷети оила яке аз шартҳои асосии рўзгори муназзам мебошад, ки дар танзими он нақши занон хеле калон аст.
Бо дарназардошти аҳамияти ҳаётии ин масъала, яъне сарфаю сариштакорӣ мо ҳанўз панҷ сол пеш бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои кишвар доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои мардумӣ машварати васеъ баргузор карда, дар ин асос Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуда будем.
Ва чунон ки имрўз мебинем, ин қонун дар ҳаёти ҷомеа татбиқ шуда, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанўз ҳам баъзе занону модарон барои ба намоиш гузоштани дороии хонадони худ маросимҳои оддии анъанавиро ба маъракаҳои пуршукўҳу дабдабанок табдил дода, ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.

пешина
аз 127
навбатӣ