Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Худатон тасаввур кунед. Агар мо духтаронро, хусусан аз ноҳияҳои кўҳистон, ба таҳсил дар мактабҳои миёнаву олӣ ҷалб накунем, оё метавонем, ки дар бораи мавқеи устувори шаҳрвандии онҳо сухан ба миён оварем?
Мо солҳои охир масъалаи ба донишкадаҳо ва аз рўйи имтиёз қабул кардани духтаронро аз ноҳияҳои кўҳистон ба миён гузоштем. Сабаб дар ин аст, ки аксари ноҳияҳои кўҳӣ аз марказҳо – аз шаҳрҳое, ки таълимгоҳҳои олию махсус доранд, дур воқеанд ва шароити рафтуомад низ хеле мушкил аст.
Аз ҷониби дигар дар ин минтақаҳо духтарони болаёқату фаъол хеле зиёданд. Онҳоро сарфи назар кардан ва ниҳоят аз иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ дур нигоҳ доштан хатои маҳз аст.
Оё мо метавонем бе тайёр кардани табибон ва ҳамшираҳои шафқат, аз ҷумла аз ҳисоби духтарони кўҳистон дар бораи ҳифзи саломатии модару кўдак бо дили пур гап занем?
Дар ин масъала Кумитаи кор бо занон, иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматиии занон ба Вазорати маориф бояд ҳарчӣ бештар дасти ёрӣ дароз кунанд.
Вақте духтаронро намегузоранд, ки дар мактаб таҳсил кунанд, савод омўзанд, соҳиби маълумот шаванд, дар бораи маърифатнокӣ ҳоҷати гап ҳам нест.
Вобаста ба ин, аз ҳузури шумо истифода бурда, мехоҳам доир ба чанд масъалаи муҳими рўз изҳори ақида кунам. Умед дорам, ки ҳар кадоми шумо оид ба ин масъалаҳо амиқ андеша карда, дар фаъолияти минбаъдаатон роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷў менамоед.
Яке аз проблемаҳои ҷиддӣ, ки хоси минтақаҳои сераҳолии ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ мебошад, масъалаи танзими оила аст. Ин масъаларо саҳлу сабук пиндоштан комилан ғалат аст, зеро он аллакай аз доираи проблемаи демографӣ ва иҷтимоӣ баромада, характери сиёсӣ гирифтааст.

пешина
аз 127
навбатӣ