ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Танзими оила тақозои ҳаёт буда, пеш аз ҳама ба нафъи саломатии ҳар зан-модар, ба нафъи ҳар як оила ва дар ниҳояти кор ба нафъи ҷомеа ва давлат аст.
Боз як падидаи номатлуб, як зуҳуроти ҷаҳолати асримиёнагӣ ин афзудани бисёрникоҳию бисёрзанӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳарчанд, ки қонунгузории мо бисёрзаниро маҳкум мекунад, ҳарчанд, ки аксари занҳо ин масъаларо дарднок қабул менамоянд, мо бояд ҳақиқатро гўем: ҳоло ҳам бисёрзанӣ дар ҷомеаи мо ҷой дорад.
Мо ба тамоми ҷаҳон эълон доштем, ки давлати мутамаддини ҳуқуқбунёд месозем. Вале дар сурати паҳн шудани чунин зуҳуроти пурҷаҳолати асримиёнагӣ, ба мисли бисёрзанӣ, оё мо ба ин мақсад мерасем? Не, албатта.
Аз ин рў, бояд тамоми ҷомеа ин расми зиштро маҳкум кунад.
Вобаста ба ин мехоҳам паҳлўи дигари ин масъаларо ошкор намоям. Мувофиқи қонунгузории мо шахс метавонад танҳо дар ақди як никоҳ бошад. Мардоне, ки зани дуюм ё сеюм мегиранд, бо онҳо никоҳи мусулмонӣ мекунанд.
Ман аз муллову муллотарошҳое, ки ин корро анҷом медиҳанд ва қонуншиканӣ мекунанд, пурсиданиам: бо кадом рў, бо кадом виҷдон, вақте медонед, ки мард оила, зану фарзанд дорад, зане ё духтареро ба никоҳи ў медароред ва бо ҳамин ба бадбахтии бисёр занону кўдакон асос мегузоред?!
Гузашта аз ин, дар Кодекси нави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бисёрзанӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама Прокуратураи ҷумҳурӣ дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ наандешидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё