Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин суннати муҳимтарини ҷомеаи мутамаддин аст ва мо бояд ҳатман онро ба ҷо оварем.
Боз як масъалаи муҳиме, ки мехоҳам доир ба он мухтасар изҳори ақида намоям, иштироки занон дар корҳои роҳбарикунанда ва идораи давлат мебошад.
Маълум аст, ки имрўз дар ҷумҳурии мо аз ҳисоби занон дар вазифаҳои мухталифи масъулиятнок, дар сохторҳои ҳукуматӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, хоҷагӣ ва ташкилоту муассисаҳо фаъолият мекунанд.
Худатон гўед, ки магар дар кишварҳои пешрафтаи дунё ҳуқуқу ваколатҳои занон аз ин бештар аст?
Инро ҳам бояд гўям, ки ба занон роҳбарии соҳаҳои ниҳоят муҳими давлатиро вогузор кардани мо ба хотири замонасозӣ нест. Баръакс, мо ба занон итминону боварии калон дорем. Занҳо низ вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо бо масъулияти баланд ва сарбаландона ба ҷо оварда истодаанд.
Бо вуҷуди ин теъдоди роҳбарон аз ҳисоби занҳо, шумораи онҳо дар байни вакилони маҷлисҳои ҳамаи зинаҳо – аз маҷлиси вакилони ҷамоату ноҳияҳо сар карда то Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳанўз кам аст.
Ин масъаларо ҳам дар вақти пешбарӣ кардани кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ ва ҳам ҳангоми доир намудани интихобот ба зинаҳои гуногуни намояндагӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олӣ дар мадди назар бояд дошт. Зеро занон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба иштироки фаъолонатар ҳам ҳақ доранд ва ҳам арзанда ҳастанд.
Фаромўш набояд кард, ки занон нисфи аҳолии мамлакати моро ташкил медиҳанд ва онҳо метавонанд дар сохтмони давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони озод саҳми бештаре гузоранд. Ман ба ин итминони комил дорам.
Боиси хушнудист, ки дар ҷумҳурии мо низ аз баракати истиқлолият мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ ташкил ёфта истодаанд.

пешина
аз 127
навбатӣ