Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ

БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН

(6 марти соли 2003)
Модарон ва хоҳарони азиз!

Хеле хушҳолам, ки имрўз дар остонаи иди анъанавии занону модарон боз ба дидори шумо расида, ба ифтихори ин иди фархунда шумо ва тамоми модарону хоҳарони меҳрубон ва сарбаланду баномуси Тоҷикистонро табрик мегўям.
Ҷашни занон дар байни дигар идҳои милливу байналмилалӣ мақоми хоса дорад ва аз ҷумлаи самимитарин ва зеботарин рўзҳои сол мебошад. Зеро ин ҷашн ба оғози баҳор, яъне фасли зебоӣ, озодӣ ва шукуфонии табиат, ба оғози фасли умеду орзуҳои неки инсоният баробар меояд. Илова бар ин, занро бе баҳор ва баҳорро бе зан тасаввур кардан аз имкон берун аст.
Зан-модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рўзи сол низ аз ў бошад.
Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ў воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.
Дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ў сухане нагуфта бошад, зеро зан сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо доир ба эҳтирому бузургдошти занмодар барои наслҳои инсоният суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд.
Дар китоби азимушшаън ва каломи лоязолӣ – Қуръони маҷид низ мақоми шоистаи зан, риояи ҳаққу ҳуқуқи ў, эҳтиром ва ҳимояи вай борҳо таъкид шудааст.
Аз ҷумла Худованд мефармояд, ки «шумо – занҳо ва мардҳо ёвари ҳамдигар ҳастед».

пешина
аз 127
навбатӣ