Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз соли 1997 шурўъ намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, пеш аз ҳама аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон дар ҳамаи мактабҳои олие, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, квотаи президентӣ ҷорӣ кардем, ки бо истифода аз ин имтиёз то имрўз 2700 нафар духтарони деҳоти дурдаст ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд. Яке аз оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва таблиғоти баъзе гурўҳҳои экстремистии динӣ боиси зиёни ҷиддии соҳаи маориф низ гардид.
Масъалаи таҳсили духтарон ба яке аз проблемаҳои мушкиле табдил ёфт, ки ҳаллу фасли он вазифаи бетаърихи мо буд. Фақат дар давоми солҳои 1992–1997 шумораи духтарони донишҷў аз 48–49 фоизи давраи Шўравӣ ба 19 фоиз поён фаромад. Аз баъзе ноҳияҳои дурдаст ба мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ рафтани духтарон ҳатто қатъ гардид.Ин дар ҳоле, ки аз кишвар рафтани мутахассисони соҳаҳои гуногун идома дошт ва дар баъзе ноҳияву маҳалҳои аҳолинишин шумораи боқимондаи мутахассисони баъзе соҳаҳо ангуштшумор гашта буд.
Баъди ҷорӣ намудани квота соли 2001 боз як фармони Президент ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон аз минтақаҳои дурдаст ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи президентӣ барои солҳои 2001-2005» қабул шуд. Вале таҳлил нишон медиҳад, ки кори мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва вазорату идораҳои дахлдор дар бахши татбиқи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат чандон қаноатбахш нест.
Масалан, на аз ҳамаи ноҳияҳо духтарони воқеан лоиқ ва хоҳишманди таҳсил ба мактабҳои олӣ фиристода мешаванд.

пешина
аз 127
навбатӣ