ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Аввалин шеъри олам низ аллаи модар аст. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, панду ахлоқ ва ҳидоятгари роҳи дурусти зиндагӣ буда, барои ҳар фарди дилогоҳ як рукни имон аст. Аз ин рў, дар тамоми давру замонҳо зан-модар офаранда, тарбиятдиҳанда ва нодиртарин гавҳари ҳастӣ буда, дар ҳаққи ў беҳтарин калом, шеъру суруд ва асару достонҳо эҷод шудаанд. Бузургони адаб фармудаанд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба қадри як зан, як модар инсонро ба фазлу муҳаббат ҳидоят карда наметавонад ва маҳз матонату бузургии зан-модар дар он аст, ки рисолати волою муқаддаси ба дунё овардани инсонро бар дўш дорад.
Дар таърихи тамаддуни чандҳазорсолаи мо занон нақши басо бузургу саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон барои пойдории халқу миллати хеш дар радифи мардон пайкору ҷонбозиҳо намудаанд. Борҳо таъкид кардаем, ки дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебунисо, Нодира ва даҳҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанўз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад. Занони тоҷик бо рўҳи озод, иродаи қавӣ, афкори наҷибу ахлоқи ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоён дар ҳама давру замон бори ҳастии миллатро кашидаанд.
Беҳтарин ва арзандатарин хислати халқи мо – поктинатию инсондўстӣ, нексириштию фарҳангпарварӣ, созандагию заҳматписандӣ ва эҳсоси волои ватандўстию ифтихори ватандорӣ дар симои онҳо таҷассум ёфтааст.
Мо набояд фаромўш созем, ки модари тоҷик дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият фарзандони бонангу номуси худро аз даст дода, бо сабру таҳаммул ва матонати мардона ваҳдат ва сулҳу созиши миёни тоҷиконро пуштибонӣ кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё