Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пўшида нест, ки ҳоло гурўҳҳо ва қувваҳои муайян мехоҳанд занонро ба рўзгори асримиёнагӣ, ба давраи умраш кайҳо баохиррасида, яъне ба асли худ баргардонанд. Ба асли худ баргаштан ба фаҳмиши онҳо пўшидани ҳиҷобу чодар барои занон ва дигар ороишҳои зоҳирӣ барои мардон будааст.
Ба ин муносибат пеш аз ҳама чунин савол ба миён меояд, ки аз ин зоҳирпарастӣ чӣ фоидае ба даст хоҳад омад? Охир ҳар як фарди мусулмон хуб медонад, ки зоҳирпарастӣ ин ҳанўз нишонаи садоқат ба дин нест.
Дар баробари ин ҳар як бандаи мўъмин хуб мефаҳмад, ки Худои таолоро бо ақл мешиносанд.
Пурсида мешавад: оё инсоне, ки аз ҳар гуна дастовардҳои илму техника маҳрум аст, метавонад соҳиби маърифате бошад, ки сафедро аз сиёҳ, савобро аз гуноҳ, амали қонуниро аз рафтори ғайриқонунӣ ҷудо карда тавонад ва барои пешрафти ҷомеаи худ ҳиссае гузорад? Ҳаргиз не!
Дигар ин ки вақте занон аз озодиҳояшон маҳрум карда мешаванд, онҳо чӣ тавр ба фарзанди худ тарбияи ҳаматарафае, ки ба талаботи асри оянда ҷавобгў бошад, дода метавонанд?

Ҳозирини мўҳтарам!

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи модарону хоҳарони азизи мо имрўз тарбия, ва боз ҳам тарбияи фарзандон аст.
Мураббии нахустини фарзанд модар аст ва тарбияи насли баору номус низ пеш аз ҳама дар оила сурат мегирад.

пешина
аз 127
навбатӣ