ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ДАР МУЛОҚОТ БО ЗАНОНИ
МАМЛАКАТ
(7 марти соли 2007)
Модарон, хоҳарон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва тамоми бонувони иззатманди Тоҷикистонро ба муносибати Иди байналмилалии занон самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон бахту саодат, иқболи нек, сарбаландӣ, хонаободӣ ва осудаҳолӣ орзу менамоям.
Воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рўҳи тоза мебахшад.
Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем. Дар ситоиши занмодар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандўсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанўз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст. Зеро хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ў ҷуброннопазир мебошад. Дар ин бобат бузургони мо фармудаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Гузашта аз ин, ашъори зиёди гузаштагони номдори
мо, ки ба зебоиву назокат, ҳусну малоҳат, матонат ва
садоқати занону духтарони тоҷик бахшида шудаанд, дар
давоми садсолаҳо вирди забони мардум ҳастанд ва дар авроқи заррини таърих абадӣ боқӣ мондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё