Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамчунин дар назди худ мақсад ва вазифаи қатъӣ гузоштаем, ки дар баробари нерўгоҳи барқи обии Роғун боз якчанд нерўгоҳҳои хурду бузургро ҳам бунёд намуда, на танҳо эҳтиёҷоти худ, балки дар ояндаи наздик кишварҳои ҳамсояро низ бо барқ таъмин намоем.
Дар айни замон барои сабук кардани мушкилоти иҷтимоии мардум ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бонкҳо супоришоти қатъӣ дода шудаанд.
Мутобиқи онҳо дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои фурўши гази моеъ ва ангишт ташкил карда шуда, вобаста ба тағйир додани механизми маблағгузорӣ ва самарабахш гардонидани соҳаи пахтакорӣ, ки аксарияти кормандони онро занон ташкил медиҳанд, инчунин барои дар ноҳияҳои кўҳистон густариш додани соҳибкории хурду миёна ба таври васеъ ҷорӣ кардани пешниҳоди қарзҳои хурд тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Итминони комил дорем, ки дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳоямон, яъне рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоӣ мо дар солҳои наздик сифати зиндагии мардум ва ободиву шукуфоии Ватани азизи худро ба сатҳи дилхоҳ хоҳем баровард.
Албатта, дар ин самт мо ба нерў, рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории шумо – модарон ва хоҳарону духтарони азиз такя менамоем. Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дўст доштани Ватан, инчунин ба кору амалҳои неку созанда талқин мекарданд ва имрўз низ ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.
Бузургии зан-модар дар ҳамин хислати ў низ таҷассум меёбад. Агар чунин намебуд, дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ў оят омадааст, нозил намешуд.

пешина
аз 127
навбатӣ