Зеҳн
ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.

Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа

Кӯдакон
Аз аввал хондан

КИСТОНҲО

– Танҳо худам бихонам!

Аъло худам бидонам!

Корам ба дигарон чист?

Корам ба дигарон нест!

Монаш, чу кас надонад,

Дар синфи хеш монад!..

– Пешаш биёву худ бин,

Ин бачча кист?..............

\* \* \*

Рӯяш ба рӯйи устод,

Чашмаш ба сӯйи устод.

Шинад ҳамеша хомӯш,

Гӯё ки мекунад гӯш.

Ҳушаш вале на дар ҷост,

Ҳушаш, бале, ба ҳар ҷост.

Дорам ба ту саволе:

Инаш чӣ кас?...........

\* \* \*

На шавқи мактабаш ҳаст,

Дар дил на матлабаш ҳаст.

Аз дарсҳо гурезад, –

Бо бахти худ ситезад.

Дар синфи хеш монад.

Тадбири худ надонад.

Худро диҳад худ озор,

Ин кист? ……………..

\* \* \*

Коре накарда як бор,

Дилгир бошад аз кор.

На хонад ӯ китобе,

На донад ӯ ҳисобе.

Касро аз ӯ мадад нест,

Хобу хураш чӣ? Бад нест!

Пас шуд мисоли ман ҳал:

Ин бачча кист? ………….

Ҷавобҳо: худбин; хаёлӣ;

дарсбезор; танбал.

МУАММОҲО

Зӯру тавон надорад,

Гӯё ки ҷон надорад.

Бар варзишаш бихонӣ,

Бар гардишаш бихонӣ,

– Э! – Гӯяд ӯ ҳамеша,

– Не! – Гӯяд ӯ ҳамеша.

Монанди шахси бемор,

Шинад ҳамеша бекор.

Ёбаш худат ба тадбир:

Ин бачча аст ё пир?

\* \* \*

Духтарчаест шояд,

Аз рӯ ба рӯ биёяд.

Ҷӯлида бас ки мӯяш,

Пӯшида чашму рӯяш.

Не, не, писарча аст ин,

Ҳа, ин писарча, лекин…

Кас дар гумон бимонад,

Ҳайрони он бимонад:

Оё писарча бошад?

Духтарча ё набошад?

\* \* \*

Вай айби мо шуморад,

Борони таъна борад.

Гӯяд ба мо чӣ кардан

Бо дасту рӯю гардан.

Гӯяд ба мӯю нохун

Он кун ва ончунон кун.

Дар хона лекин ӯро,

Пӯшоку дасту рӯро,

Модаркалон бишӯяд,

Аз ин амал чӣ рӯяд?

\* \* \*

Сардори синфи чор аст,

Дилёбу ғамбарор аст.

Аз меҳру машқу бозӣ

Як синф аз ӯст розӣ.

Ояд ба хонаи хеш,

Бо сад баҳонаи хеш.

Ранҷида додар аз вай,

Озурда хоҳар аз вай.

О, ин чӣ кас ба ҳар ҳол? –

Фаъол ё ки баттол?

пешина
аз 14
навбатӣ