ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.
Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа
ГУФТУГӮЙИ ДУ САГ
Як саг гуфто як сагро:
– Бас кун акнун «ак-ак»-ро!
То чанд, охир, мегӯйӣ
Як ҳарфи арзонакро?
На чун хар «иш»-ро донӣ,
На чун аспак «так-так»-ро.
Хап-хап будан ҳам хуб аст,
Бин оғои Хаппакро!
Ҳикмат борад аз чашмаш,
Гар мефаҳмӣ пак-пакро.
Ҷонаш равшан мегардад,
Кас бинад ин мардакро!..
Гуфт он дигар дар посух:
– Эй, гум кун ин таппакро!
Дар ин дунё бе «ак-ак»
Саг нашносад як сагро!..
ЯК ГУРБА МУШЕ ДИДАСТ
Як гурба муше дидаст,
Як рӯзи хуше дидаст.
Гуфтаст варо он муш:
– Аз туст маро ҷон хуш!
Бисёр макун хур-хур,
Бархезу маро хур! Хур!..
Болида аз ин гурба,
Гуфтаст чунин гурба:
– Муш?! Омадаӣ?! Эй хуш!
Хуш омадаӣ, эй муш!
Эй зеби сари дастам!
Аз бӯйи хушат мастам!
Доруяки дандонам!
Ороми дилу ҷонам!
Як борат агар гирам,
Ғам нест дигар, мирам!..
Нокарда вале дарёб,
Бедор шудаст аз хоб.
Ин бар вай алам кардаст,
Аз гиря варам кардаст.
ОРЗУҲОИ СОЛИНАВӢ
Кош ки бо Кӯҳнасол
«Ду»-и каҷак ҳам равад.
Кош ки ин «се»-ю «чор»
Яксара «аъло» шавад.
Кош ки хобии мо
Дида саҳар во кунад,
Хеста аз хоби ноз
Машқи тан иҷро кунад.
Хоҷахаёлӣ шавад
Кош ки ҳушёртар,
Ё ки шавад Гандакор
Одами хушкортар.
Рӯйи туруш ҳамчунон
Кош ки хандон шавад.
Аз гапу кораш ризо
Хоҷапушаймон шавад.
Кош ки Нодонча ҳам
Баччаи доно шавад,
Кош ки ин Нотавон
Шахси тавоно шавад.
Оҳ, чӣ хуш, Чиркинак
Тоза шавад баъд аз ин,
Бинаду пурсад ҳама:
– Кист ҳамин нозанин?!
Кош ки дар Соли нав
Ҷоғзамон хап шавад,
Пандшунав гардад ӯ,
Гӯш ба ҳар гап шавад.
Кош ки дар Соли нав
Гарм шавад сандалӣ,
Танбалак ояд ба ҷӯш,
Хушк шавад танбалӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё