Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Афсонаи «Кайкак» нисбат ба атрофиён ҳисси дилсўзӣ доштанро тарғиб менамояд. Кайкак аз ноэҳтиётии худ ба даруни шири ҷўшон афтода, нобуд мешавад. Канаяк рўю мўй канда, ба хотири дўсти қаринаш мотам мегирад.
Афсона бо суханони зерин хотима (хатм, анҷом) меёбад:
«Ана ҳамин хел Канаяк дар ғами дўсташ азодор шуду Алошақшаққа парашро партофта, чанор баргашро рехта, бузак шохҳояшро шикаста, оби равон лойолуд шуда, ба дарду алами худ шарик шуданд».
Фил ба дарахте, ки саъба лона мондааст, худро молида, дарахтро ларзонда, ба афтондани хонаи саъба аз шохи дарахт ва нобуд шудани бачагони он сабаб мегардад.
Ин ҳодиса чанд бор такрор мешавад.
Занбўру қурбоққа ба мадади саъба омада, филро ҷазо медиҳанд: занбўрон чашми филро мегазанд, пилкҳои чашми фил варам карда, нобино мешавад, қурбоққа гўё аз даруни об овоз дода, фили ташнаро ба лаби ҷар мекашад, Фил ба қаъри ҷар афтода нобуд мешавад («Фил ва саъба».
Қисми асосии афсонаҳои бачагона ҳамин хел панде дар замиир доранд ва насли наврасро ба роҳи нек раҳнамоӣ мекунанд.
Умуман бисёр афсонаҳои халқӣ дар тарбияи маънавии хурдсолон нақши муҳим бозидаанд ва мебозанд.
Онҳо да ҳаёти маънавии бачагони имрўза ба воситаи бисёр маҷмўаи афсонаҳо мавқеъ ва мақоми хосае пайдо кардаанд. Хушбахтона, миқдори чунин маҷмўаҳо торафт меафзояд ва аҳамияти онҳо бе аз пеш вусъат мегирад.
Мураттибон бисёр кўшиш карданд, ки ба ин ҷилди «Тазкираи адабиёти бачагон» намунаҳои беҳтарини афсона, суруду тарона, бозиҳо ва чистону тазгўякҳои халқӣ дохил шаванд. Онҳо ҳар асарро баъди интихоб бори дигар аз таҳрир гузаронанд ва такмил доданд.
Масалан, афсонаи «Бузаки ҷингилапо» дар асоси 15 нусхаи ин афсона ва бозии «Лелак - лелаки боқӣ» дар асоси 20 нусхаи ин бозӣ таҳрир ва такмил ёфтанд.

пешина
аз 81
навбатӣ