Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Бозиҳои халқӣ дар қолаби ҳикоя тасвир шуданд ва дар натиҷа хусусияти асари бадеиро ба худ гирифтанд.
Тазкира гулчини адабиёти даҳанакӣ барои бачагон аст ва намунаҳои мукаммалу барҷастаи асарҳои халқиро дар бар кардааст, ки нависандагон, олимон, дўстдорони фолклор дар давоми солҳои дароз аз тоҷикони маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна гирд овардаанд.

АФСОНАҲО БАРОИ КЎДАКОНИ
СИННИ ХУРДИ ТОМАКТАБӢ

(Афсонаҳо барои кўдакони томактабӣ бо қисмҳо ҷудо карда шудаанд, зеро онҳо ҳаҷман калонанд. Бинобар ин, ҳар қисми он дар як рўз ва як машғулият истифода мегардад. Кўдакон бошанд бесаброна шунидани давоми афсонаро аз мураббия интизор мешаванд.

ГУНҶИШКАК
1 Буд набуд, як кампир буд. Кампири пири бекасу бенаво буд. Вай аз пагоҳ то бегоҳ бо чарх ришта мересид.
Калоба карда мефурўхту бо ҳамин роҳ зиндагӣ мекард.
Зиндагиаш бад буд.
Як рўз пахтааш тамом шуд. Пулаш набуд, ки пахта харад. Шишту ба ҳоли худ зор-зор гиря кард. Оби дидааш селу дарё шуд. Осиёбҳо гардон шуданд, одамон ҳайрон шуданд. Нохост дар пеши ҳавлиаш як пахтазори сап-сафед шукуфтагӣ пайдо шуд.
Ҳамин вақт як акка омада, ба сари девори ҳавлии кампир шишта гуфт:

  • Шақ-шақ-шақ, мома, маро ба пахтазорат посбон намегирӣ?
  • Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ – пурсид кампир.
  • Шақ-шақ-шақ-шақ, - гуфт акка,-нисфи ҳосили пахтазоратро диҳӣ, бас аст!
  • Бирав! - гуфт кампир, - даркор нестӣ!...
пешина
аз 81
навбатӣ