АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Пушаймонии гург
Гург «барои чӣ наомад гуфта, ба ақиби кўҳ гузашта дидааст, ки «на пай асту на ҳайдар» (маънои мақол бе дарак шудан бе нишон ғайб задан). Гург пушаймон шуда гуфтааст:
Эй гурги нолон,
Аҳмақу нодон.
Дидӣ, ки бузак,
Бихўр бомазак!
Гўшт-ку тайёр!
Зира чӣ даркор?
Наход бе пиёз,
Гўшти нағзу соз,
Бемазза бошад,
Белаззат бошад?!
Хўрок надорӣ,
Ҳам бемадорӣ,
Акнун медонӣ,?!
Мурда мемонӣ?!
Гурги гурусна боз хўрок ҷуста рафтан гирифтааст.
Лекин базўр роҳ мерафтааст. Пойҳои бемадораш печутоб мехўрдаанд.
Мушу калламушҳо аз хонаҳояшон сар бароварда, гурги бемадорро дида, масхара мекардаанд. Аз болои сари гург парида гузашта, «ин ҳамин замон мемураду дар болои сараш базм мекунем» гуфта механдидаанд.
3 Вохўрии гург бо асп
- Туро Худо ба ман расонд,- гуфтааст, гург пеши аспро гирифта.
-Ту маро хўрдан мехоҳӣ, - пурсидааст асп. Ин хел бошад, ба ту гуфтанам даркор, ки ман ба як ҷо хат (мактуб) бурда истодам. Ин хат тақдири як галаи аспонро ҳал мекунад. Агар як дамакак ҳамин ҷо истӣ, зуд гашта меоям, ту маро маза карда мехўрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё