Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Ту ҳам бузак барин маро фиреб доданӣ ҳастӣ? – гуфтааст гург. Ту хат-пат надорӣ, дурўғ мегўйӣ!
  • Дорам! – гуфтааст асп.
  • дошта бошӣ, нишон деҳ! - талаб кардааст гург.
    Дар таги пои рости ақибам, - гуфтааст, - асп, - бовар накунӣ, омада худат хонда бин!
    Гург ба ақиб гузашта, ба таги пои асп нигоҳ карданӣ шудааст. Асп бошад, гўшашро сих кардааст. Ва ҳамин ки гург сарашро хам карда, ба таги пои рости асп нигоҳ карданӣ шудааст, чунон ба манаҳаш задаст, ки ҳамаи дандонҳояш шикастааст. Гург беҳуш шуда афтодааст. Асп хандида, чорхез карда, гурехта рафтааст.
    Гург баъд аз чанд вақт ба ҳуш омада дидааст, ки ҳам асп аз даст рафтаасту ҳам бедандон мондааст:
    Эй гурги нолон,
    Аҳмақу нодон!
    Аз дур дидӣ асп,
    Даррав раву часп!
    Ту на хатхонӣ,
    Балки нодонӣ.
    Аз гуруснагӣ,
    Мурда мемонӣ!
    Гург ҳарчанд зўр задаст, аз ҷояш хеста натавониста, аз гуруснагӣ мурда мондааст.

МУРҒИ ЗИРАК
1 Шағоле буд гушнаю ғамгин. Ба сўроғи хўрок ба назди деҳае омаду чашмаш ба таги дарахте афтод. Он ҷо як мурғи фарбеҳу тоза хоки заминро кофта истодааст.
«Ана, ризқи имрўзаам»! – гуфта, вай оҳистакак садо набароварда ба пеши мурғ рафт.
Мурғ нохост ўро дида, париду ба шохи дарахт шишт.
Шағол аз таги дарахт ба мурғи фарбеҳ хитоб карда гуфт:

  • Эй мурғ, магар хабари нав нашунидӣ? Байни парандаю ҳайвонот сулҳ эълон шуд. Акнун ҳамаи мо дўсту бародар.
пешина
аз 81
навбатӣ