АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданПодшоҳ «ман ин ҷавони худбоварро соз мекунам , канӣ, бинам, пагоҳ чӣ хел ганҷ пайдо мекунад» гуфта аз дилаш гузаронид. Вай рафту пагоҳӣ барвақт ба одамонаш фармуд, ки:
- Дар фалон ҷо як ҷавон зиндагӣ мекунад. Оварда ба дасташ яроқ дода, ба қалъа посбон таъин кунед. Тамоми рўз посбонӣ кунад.
Одамонаш фармони подшоҳро иҷро карданд.
Ҳасанак шоф дар миён тамоми рўз дарвозаи қалъаи подшоҳро посбонӣ кард.
Бегоҳӣ подшоҳ: «Канӣ бинам, акнун аҳволаш чӣ хел бошад», гўён ба истиқоматгоҳи Ҳасанак омад. Ҳасанак вақташ чоқ ош мепухт.
-Биёед, ошно, биёед! - ў подшоҳро дида.
Ошро хўрданд, аз оши дирўза бамаззатар буд. - Канӣ, гўй, имрўз харҷи ошро чӣ хел пайдо кардӣ? – пурсид подшоҳ
- Асло напурсед, - гуфт Ҳасанак, - , - одамони подшоҳ маро гирифта бурда, ба дастам шоф (шамшер) дода, посбони қалъа карданд. Ҳамин ки ҷавоб шудам, шофро фурўхтаму шофи чўбин тарошида, ба ғилофаш андохта мондам. Пулам аз хариди имрўза ҳам зиёдатӣ кард.
6 - Агар подшоҳ туро ба назди худ оваронда, ягон ҷинояткорро бо шоф зан гўяд, чӣ кор мекунӣ? Дар ин бора фикр накардӣ?
- Дар ҳар хусус одам фикр кардан гирад, сараш гиҷ мешавад. Магар нашунидед, ки бузургон гуфтаанд:
Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, Мушкиле нест, ки осон нашавад.
Подшоҳ рўзи дигар гуфтагиашро кард. Хасанакро ба назди ў бурданд. Як марди ишкел дар пою дастро тела дода, пеши подшоҳ оварданд. Подшоҳ ба Ҳасанак фармуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё