Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Ин мард гуноҳи азим кардааст. Мо ҳукми куш баровардем. Бо як шоф задан, агар гарданашро аз тан ҷудо накунӣ, ҷаллодон сари худи туро аз танат ҷудо мекунанд.
    Хуб шудааст! Амри подшоҳ барои бандагонаш воҷиб! – гўён Ҳасанак шофро аз ғилоф кашида, ба гардани марди бандӣ чунон зад, ки шоф пора-пора шуда, ба чор тараф пош хўрд.
  • Эй одшоҳи олам, эй султони бокарам, - гуфт Ҳасанак, - дуруст гуфта будаанд, ки «агар одам бегуноҳ бошад, шофи ҷаллод чўб мегардад». Ин мардак бегуноҳ будааст, шофи ман чўб шуд».
    Подшоҳ хандиду ба кордонию зиракии Ҳасанак қоил шуду ўро ҷавоб дод.
    Ҳасанак пештара барин меҳнат карда, ризқу рўзиашро ёфта, бо вақти хуш зиндагӣ карда гаштан гирифт.

СУРУДУ ТАРОНАҲО
(Барои кўдакони синни хурди томактабӣ)

ТУРНА
Турна қатор меояд,
Арғамчинвор меояд.
Вақти баҳор меояд,
Мавсими кор меояд.
Дар мавсими баҳорон,
Дар домани кўҳсорон,
Бисёр боло мепарад,
Ғазалсаро мепарад.
Турна қатор арғамчин,
Болохонадор арғамчин.

БОРОН

Борон, биё, борон, биё,
Ба чўли чўпонон биё,

пешина
аз 81
навбатӣ