АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
МО МАЛАНГЕМ
Дар ин бозӣ бояд бозигарон ҷуфт бошанд. Ду нафар сармир интихоб мешавад. Ин дафъа бачаҳо Ҳамиду Саидро хостанд ва ҷуфт-ҷуфт ёр даромада, ба ду гурўҳ ҷудо шуданд.
Сармирҳо «мушту шаппотӣ» карданд. Саид навбатдор шуд. Ёрони Ҳамид ҳама рў ба девор оварда, суруди зайлро замзама намуданд:
Мо малангем,
Кўчалангем,
Оби зам-зам,
Тири маҳкам,
Шер, гир!
Саид дар сари марра истода, назорат мекард, ки ёрони Саид ба пушташон нигариста, кадом сў рафтани ёронашро набинанд. Ҳамаи ёронаш пинҳон шуданд. Баъд ба овози баланд:
-Тут пухт? –пухт? -гуфт.
Бачаҳо аз ҳар канор: - «Ҳа, пухт! -гўён овоз бароварданд. Ёрони Ҳамид ба ҷусутуҷўй рафтанд. Ҳар бозигар ҷуфти худашро меҷуст.
Саиду Ҳамид дар сари марра истода, рафти бозиро назорат мекарданд. Агар ёрони Ҳамид аз пиллаҷой дур раванд, Саид:
Мо малангем,
Кўчалангем,
Оби зам-зам,
Тири маҳкам,
Шер, пар!
- мегуфт. Ё худ, хавфро ҳис кунад, дар охрири суруд «шер, напар!- ро илова мекард.
Ёрони Саид мекўшиданд, ки чашми ҷуфташонро хато карда, ба пиллаҷой омада овоз бароранд. Бозигари ба пиллаҷой расида, дар паҳлуи сармираш меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё