АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Холида «Абўлакам» мугуфту ба пойҳои бозигарон бо ангушташ ишора мекард. Калимаи «каш» ба пои рости Халил рост омад. Халил пои росташро кашид. Холида боз «Абўлакам»-ро аз аввалаш гуфт. Ин дафъа суруд дар рўи пои чапи Ҳанифа тамом шуд.
Ҳамин тавр, бозигарон як-як пойҳояшонро аз давра кашида, чорзону менишастанд. Дар охир Холида ҳам чорзону нишаст. Бо фармони Холида ҳамаи бозигарон баробар сари зонуҳояшонро молида, се-чаҳор карат шумурак гуфтанд:
Шутури қазоқ,
Собуни Ироқ,
Якта занам,
Пояш чўлоқ!
Холида лелаҳои дасташро байни ҳам гузаронда, мушт карда ва ба сари зонуҳои чапу рост ба навбат зада гуфт:
Ин ҳандалак,
Ин тарбузак!
Ин зомуча,
Ин харбуза!
Дигарон ҳама ба Холида тақлид (пайравӣ) карданд.
Чанд дақиқа гузашт. Холида фармуд, ки бачаҳо ба навбат як-як аз ҷой хезанд. Дигарон бо диққат гўш карда, муайян кунанд, ки зонуи кадом бозигар «қирс», «қирс» садо мебарорад.
Аз рўи қоидаи бозӣ Халил , ки аз ҳама пеш пойҳояшро ғундошта менишаст, оҳиста аз ҷой хест. Ҳар ду зонуяш садо баровард. Хама шуниданд ва офарин гуфтанд.
Навбати Ҳабиба расид. Ҳабиба оҳиста-оҳиста аз ҷой хест.
Зонуҳояш садо набароварданд. Ў мувофиқи шарти бозӣ ё мерақсид ва ё суруде мегуфт. Ҳабиба суруд гуфт:
Ҳо ҷастаму ҳо ҷастам,
Рўмолчаба нон бастам.
Ани бибиҷон рафтам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё