АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданБоғбон дар як гўшаи бозиҷой «харбуза» мекорад.
Каллапўши бозигарон ё чанд сангро ҳар ҷо- ҳар ҷои
«майдони кишт» мегузорад. Баъд ҳамроҳи «сагаш» ба гўшаи полез рафта мешинад.
Ҳамин вақт аз марраҷой , ки дуриаш аз «полези
харбуза» даҳ-понздаҳ қадам аст, бачаҳо ба сўи «боғбон»
ҳаракат мекунанд. Дар як гўшаи майдони «харбуза»
меистанд. Ва аз «боғбон» мепурсанд:
- Бобо, бобо!
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав замина гардондам.
- Бобо, бобо!
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Дина тухмаша коштам.
- Бобо, бобо!
-Ҷони бобо! - Харбуза пухт?
- Акнун неш мезанад.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав дубарга шуд.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав чорпалак шуд.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав палак кард.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт!
- Акнун гул кард!
-Бобо, бобо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё