АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Тезгўякҳо барои хонандагони синфҳои 3 - 4
Чалпак чалапу чалаб лабу лаб чали чалпак.
*
Панҷу ду панҷ понздаҳ чилучору шонздаҳ.
*
Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтар бача кард.
*
Чил тўпи чити мо хуб аст?
Чил тўп чити шумо?
Чил тўп чити мо
Аз чил тўпи чити шумо
Чил тўпи чити мо хубтарак аст.
*
Аз як дара себ омад, аз дара сел.
*
Мо бист-бист дост доштем,
Шумо чанд бист-бист дост доштед?
*
Сармои сахт шиша шикаст,
Шохи шамшод шилшила баст.
*
Барги шалғам шапалоқ,
Бехи шалғам шумталоқ.
*
Шаст сада шинондем,
Шаст шамшод.
*
Ман кабка мепарронам ту кайка.
*
Як сол мо бист дост доштем.
*
Чумчуқ дар чумча об хўрд.
*
Дар бозори Шаҳри Сабз кавши сабз шаш танга.
*
Шаб ба як шамшер сӣ сар шикаст.
*
Ба як мошон як коса ош,
Ба як мошон як коса мош.
*
Як кали таҳи пал, як кал миёни кал, як кал болои пал, кали таҳи пал ба кали миёнаи пал гуфт, ки эй кали миёнаи пал, марзи мани кали таҳи палро намедиҳӣ?
*
Мех чўб, пила чўб,
Пили пилон пила чўб.
Боло дарӣ, поён дарӣ,
Зоғу заған дағдаға чўб!
*
Усто секинак болои тут баромаду чўби тарматару аз нўги тут бориктара тарошиду харошиду фаромад.
*
Чалпак чалабу чалаб лабу лабчалпак, як чалпаку ду чалпаку се чалпаку чор чалпаку панҷ чалпаку шаш чалпаку ҳафт чалпаку ҳашт чалпаку нўҳ чалпаку даҳ чалпаку чалпак чалабу чалаб
лабу лабчалпак, даҳ чалпаку нўҳ чалпаку ҳашт чалпаку ҳашт чалпаку ҳафт чалпаку шаш чалпаку панҷ чалпаку чор чалпаку се чалпаку ду чалпаку як чалпаку чалпак чалабу чалаб лабу лабчалпак.
ЧИСТОНҲО
Чистонҳо барои истифодабарии волидайн, мураббия,
ва кўдакони муассиисаҳои синни хурди томактабӣ
Маънои чистон аслаш ба тариқи савол омада ба
тарзи пўшида ба шунаванда гуфта мешавад. Яъне он чист ё
чӣ аст? Шахси шунаванда бояд аввал фикр кунад ва
аломатҳои асосии он чиз ё ашёро дар шуураш ҷой диҳад ва
баъд ба гўяндаи чистон ҷавоб гардонад. Агар, мабодо,
худаш ҷавоб нагардонад ҳам, ҳеҷ гап не, дигарон ҷавоби чистонро меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё