Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Меравад ҳуштоҳушт,
Дастҳо паси пушт.
Ғунҷад ба як мушт,
Нозаш мана кушт.
(Малах)
Биёяд лик-лик,
Равад лик-лик.
Тамошо лик-лик,
Ҳамеша лик-лик.
(Сўзанак)
Рафтам саҳро,
Ёфтам гиёҳ,
Пўсташ сафед,
Мағзаш сиёҳ.
(Сияҳгўш)
Зар малах, зарпо малах,
Аз кўҳ парид кунду карахт.
(Дулона)
Ман дар сари сабад, ман ҷингиламўй,
Ман нозуки оламам, ҷавоби мана гўй.
(Гул)
Дегчаи пурҷаза,
Ошакаш бомазза.
(Чормағз)
Так табақ, рў табақ,
Миён фатири бенамак.
(Чормағз)
Очааш каҷу килеб,
Бачааш ширу шакар.
(Току ангур)
Пак-пакана қад дорад,
Ҷома чил қабат дорад.
(Карам)
ЧИСТОНҲО БАРОИ СИНФҲОИ 3 - 4

Қолини калон дорем,
Афшонда наметавонем.
Тиллои бисёр дорем,
Шумурда наметавонем.
(Осмон ва ситораҳо)
Дар шаби тор нисфи фатиру
атрофаш ситоразор.
(Моҳи нопурра ва ситоразор)
Модараш каҷу килеб,
Падараш йўрғабидав,
Духтаракаш бозигар,
Писаракаш овозхон.
(Ҷўй, мавҷи об, моҳӣ ва қурбоққа)
Чист он бесояву бедаст,
Аз кўҳ баланд, аз алаф паст.
(Роҳ)
Як дарахти пур аз гул,
Чор барг, сесаду шасту шаш гул.
(Сол, фаслҳои сол, рўзҳо)
Аз ин дара овоз омад,
Аз он дара овоз омад,
Рўбоҳи думдароз омад,
Бо сад фиғон дартоз омад.
(Сел)
Дуто дорад осмонкўб,
Дуто дорад заминрўб,
Чорто дорад рўғанӣ,
Чорто дорад заминкўб.
(Модагов)
Аз дур дидам як бутта,
Пешаш рафтам, сад бутта.
(Думи асп)
Як порча санги қаҳрабо,
Не дар замин, не дар ҳаво.
(Думбаи гўсфанд)

пешина
аз 81
навбатӣ