Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Гирд аст кўзача,
Гирдомагирд аст кўзача.
Донаҳазор аст кўзача,
Кунгурадор аст кўзача.
(Анор)
Зард асту зардолу не,
Сурх асту шафтолу не.
Дар боғи амирон аст,
Хўроки вазирон аст.
(Турунҷ)
Луғат:
Турунҷ-меваи ба афлесун монанд.
Ревоҷ-чукрӣ.

Гирдгирдаш найзаҳо,
Дарунаш пури тилло.
(Хўшаи гандум)
Он чист, ки чор хона дорад,
Андар сари хеш шона дорад,
Барф аст миёни хонаҳо пур,
Ин турфа барф, ки дона дорад.
(Пахта)
Яке ғору ду навшор,
Дуи дигар думи мор.
Ду хонаи занбўрон,
Як ҷангали Хуҷистон.
(Даҳон, бинӣ, абрў, гўш, сар)
Як ҷуфт кабўтари алоянд,
Ҷуфтанд, зи ҳамдигар ҷудоянд.
Парвоз кунанд рўи олам,
Аз хонаашон бурун наоянд.
(Чашм)
Ин сў арра,
Он сў арра,
Миёна гўшти бара.
(Даҳон, дандон, забон)
Бибии сафеди болаззат,
Чорта надодӣ аз ҷаззат,
Муште занам ба хирманат,
Фардо, ки хирманат пазад.
(Равғани думба ва палав)
Ҷилди ман, лаззати ман,
Меҳмонгусел, иззати ман.
(Тушбера)
Алшишаю балшиша,
Ду рўған ба як шиша.
(Тухм)
Рўз ҳалак-ҳалак,
Шаб даҳанялак.
(Пойафзол)
Аҷоиб луъбате дидам,
Ба қаддаш ҷома буридам,
Ба сумаш наъли пўлодӣ,
Даҳан аз фарқи сар дидам.
(Мўза)
Ин сў равам, мезанӣ,
Он сў равам, мезанӣ.
Гардакама мехўрӣ,
Маро чаро мезанӣ?
(Элаку орд)
Аз боми пастак орд мерезад.
(Элак)

Зоғчаи сиёҳаки мо,
Хонанигоҳдораки мо.
(Қулф ё қуфл)
Боло шикоф,
Поён шикоф,
Дар миён обу алов.
(Самовор)

Аҷоиб сурате дидам, ки шаш пову ду сум дорад,
Аҷоибтар аз он дидам, миёни кифт дум дорад.
(Тарозуи дастӣ)
Сар даруни об,
Дум беруни об.
(Кафлес)

пешина
аз 81
навбатӣ