КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Мавҷуд будани паноҳгоҳҳои зимистонгузаронии наълбинии хурд далели ҳайвони муқимии Тоҷикистон будани он аст.
Саршумор
Наълбинии хурд намуди камшумор буда, саршумори он дар як паноҳгоҳ аз 20 фард беш нест.
Наълбинии хурд асосан танҳо ва ё дар шакли гурўҳҳои хурди иборат аз 3-5 фардӣ вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Наълбинии хурд дар ҳудуди Тоҷикистон намуди муқимӣ, буда танҳо барои иваз намудани паноҳгоҳи тобистона ба зимистона кўчиши мавсимӣ менамояд.
Ҷинсҳои модина дар моҳи июл 1 насл тавлид менамоянд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Наълбинии хурд ба омили ноҳинҷорӣ хеле ҳассос буда, ба зудӣ паноҳгоҳи худро тарк менамояд.
Ҳамчунин нобуд кардани он аз ҷониби наврасон дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон ба мушоҳида расидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Хусусиятҳои биологӣ ва экологии наълбинии хурдро бо мақсади таҳия намудани чорабиниҳои илман асосноки муҳофизати он мавриди таҳқиқ қарор дода, паноҳгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии онро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кузякин, 1950; Богданов, 1953, 1956; Щербин, 1968; Янушевич и др., 1972; Стрелков, Сосновцева, Бабаев, 1978; Хабилов, 1979.
НАЪЛБИНИИ БУХОРОӢ
Rhinolophus bocharicus (Kastschenko et Akimov, 1917) Қатори
Дастқанотон ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои наълбинӣ ‒ Rhinolophidae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Эндемики Осиёи Миёна мебошад.
Дар атрофи Қўрғонтеппа, шаҳри Душанбе, деҳаи Мингдонаи водии Зарафшон, қаторкўҳи Қурама ва нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Туркистон (аз Ким то Кони Гут) ва кўҳи Муғул (Чорухдайрон) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Зимистон дар конҳои куҳна ва ғорҳои доманакўҳу кўҳҳо дар баландии то 2000 метр аз сатҳи баҳр паноҳ мебарад. Тобистон наълбинии бухороӣ ба паноҳгоҳҳои дигар мекўчад. Дар маҳалҳои зимистонгузаронӣ охирҳои сентябр пайдо гардида, моҳҳои октябр-ноябр ба хоб меравад.
Дар танҳоӣ, ё гурўҳ-гурўҳ шуда ҳамроҳи кўршабпаракҳои дигар зимистон мегузаронад.
Саршумор
Саршумори ин намуд кам аст.
Дар танҳоӣ ва ё гурўҳҳои хурд вохўрда, анбўҳи калонро ташкил намедиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ карда нашудааст.
Моҳи сентябр дар ҷойҳои зимистона вомехўрад. Дар моҳҳои октябр-ноябр ба хоби зимистона меравад. Дар танҳоӣ ва ё гурўҳҳои хурд, аксаран дар якҷоягӣ бо наълбинии калон зимистонро мегузаронад.
Дар моҳҳои март-апрел аз хоби зимистона бедор гардида, ба зудӣ паноҳгоҳи зимистонаро тарк
ШИРХЎРОН
Mammalia мекунад. Эҳтимол ҷуфтшавии ҷинсҳо зимистон ҷараён мегирад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот мавҷуд нест.
Омилҳои маҳдудкунанда Наълбинии бухороӣ ба омили ноҳинҷорӣ хеле ҳассос буда, ворид гардидани одамон ба ғорҳое, ки ба сифати паноҳгоҳи он хизмат мекунанд сабаби асосии тарки мавзеъи сукунат ва маҳдуд гардидани саршумори он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Хусусиятҳои биологӣ ва экологии намудро бо мақсади таҳия намудани чорабиниҳои илман асосноки муҳофизати он мавриди таҳқиқ қарор дода, ғорҳои атрофи деҳаҳои Миндона, Майкатта, Ёрӣ (қаторкўҳи Туркистон) ва Зарнисор (қаторкўҳи Қурама)- ро ғўруқ эълон кардан ба мақсад мувофиқ аст. Пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи ин намуди нодир зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё