КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1956; Якушевич и др., 1972; Хабилов, 1977, 1979; Стрелков и др., 1978.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ШОМГАРДАКИ
ЗАРДРАНГ
Nyctalus noctula (Schreber, 1774) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон танҳо дар водии дарёи Зарафшон паҳн гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳияи Панҷакент ва деҳаи Майкада онро дарёфт намудаанд.
Муҳити сукунат Маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Шомгардаки зардранги модинаро дар вақти ғизогириаш 23 марти 1979 дар соҳили дарёи Зарафшон доштаанд.
Саршумор
Намуди ниҳоят камшумор аст.
Дар Тоҷикистон дарёфт шудани танҳо 2 фарди он маълум аст.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити сунъӣ имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Шомгардаки зардранг мавриди омўзиши амиқ қарор нагирифтааст, бинобар ин омилҳои маҳдудкунандаи саршумори он муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади коркард ва таҳия намудани чорабиниҳои муассири муҳофизат, паҳншавӣ ва хусуси ятҳои биологии кўршапараки зардранг ба таври иловагӣ бояд таҳқиқ карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Янушевич и др., 1972; Хабилов, 1977, 1979; Стрелков и др., 1978.
ШАБГАРДАКИ СЕРАНГА
Myotis emarginatus (Geoffroy, 1806) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водии Вахш, Ҳисор (деҳаи Сохтачинор), қаторкўҳи Қурама (Зарнисор), водии Зарафшон, ғорҳои байни деҳоти Майкада ва Амондара паҳн гардидааст.
Дар кўҳи Муғул онро дар деҳаи Учтеппа низ ба қайд гирифтаанд.
Муҳити сукунат Дар конҳои куҳна ва ғорҳои доманакўҳу кўҳҳо маскан мегирад.
Тарзи ҳаёти он пурра таҳқиқ нагардидааст. Се фарди шабгардакро дар ҷои зимистонгузарониаш дар нақби намноки кони куҳна (арчазори қаторкўҳи Қурама) ва чор фарди дигари онро дар нақби хушки кони куҳнаи кўҳи Муғул 6 июни 1979 мушоҳида кардаанд. Онҳо дар якҷоягӣ бо наълбиниҳои калон зиндагӣ мекарданд.
Саршумор
Намуди камшумор аст. Тўдаи онро, ки саршумораш дар якҷоягӣ бо наълбиниҳои бухороӣ ва калон камтар аз 100 фардро ташкил менамуд, соли 1960 дар водии Зарафшон ба қайд гирифтаанд.
ШИРХЎРОН
Mammalia
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст. Таҳқиқи
3 фарди модинаи он нишон додаст, ки шабгардаки серанга
1 насл мегузорад. Наслгузории шабгардаки серанга дар моҳи июн ба амал омада, вазни насли нав тавлидёфтаи он 1 г 940 мг мебошад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шабгардаки серанга мавриди омўзиши амиқ қарор нагирифтааст ва омилҳои маҳдудкунандаи саршумори он муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Барои ҳифзи шабгардаки серанга ва наълбинии калон дар кўҳи Муғул ташкил намудани ғўруқ ва пурзўр кардани корҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи ин намуди нодир зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Чернышев, 1958; Стрелков и др., 1978; Хабилов, 2003.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ШАБГАРДАКИ
МЎЙЛАБДОР
Myotis mystacinus (Kuhl, 1817) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё