Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сарчашмаи иттилоот:
Давыдов, 1974; Саидов, 2010.
ШИРХЎРОН
Mammalia
СУҒУРИ МЕНЗБИР
Marmota menzbieri (Kaschkarov, 1925) Қатори
Хояндагон ‒ Rodentia Оилаи
Санҷобшаклон ‒ Sciuridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар табиат маҳв гардидааст.
EW. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.
Паҳншавӣ
Эндемики Тиёншони Ғарбӣ мебошад.
Ҷамоаи маҳдуд ва ҷудогонаи суғури Мензбир аввалин маротиба соли 1960 дар қисмати шарқии қаторкўҳи Қурама, дар саргаҳи дарёи Оқтош (дараҳои Яхшибой ва Лойак) ба қайд гирифта шудааст.
Дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта ҷамоаи суғури Мензбир дар қаторкўҳи Қурама пурра маҳв гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар даштҳои баландкўҳи нишебиҳои қаторкўҳи Қурама, берун аз арчазорҳо, дар ҷойҳое, ки растаниҳои гуногуни хўшадор месабзанд, дар баландиҳои 2400- 3000 метр аз сатҳи баҳр вомехўрд.
Қитъаҳои нисбатан ҳамвори нишебиҳои кўҳӣ ки бо қабати ғафси гилхок пўшида шудаанд ва дар онҳо растаниҳои намидўст мерўянд муҳити хоси сукунати ин намуди суғур ба ҳисоб мераванд.
Оилаҳои алоҳидаи суғурҳо дар атрофи барфтўдаҳо, ки аз ҳисоби обшавии ботадриҷи онҳо сабзиши растаниҳои сабз таъмин мегардад, зиндагӣ мекарданд.
Саршумор
Соли 1960 масоҳати муҳити сукунати суғури Мензбир 4600 га ва саршумори умумии он 70-72 фардро ташкил медод. Солҳои 60-70- уми асри гузашта саршумори ин намуд тамоман маҳдуд гардида, оилаҳои ҷудогонаи он дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта пурра маҳв гардиданд.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳҳои март-май фаъол гашта, моҳҳои август-сентябр ба хоби зимистона меравад. 2-7 бача таваллуд мекунад. Дар 3-солагӣ ба балоғат мерасад. Аз реша, лўндак, сабзаи растаниҳои эфемерӣ ва эфемероидӣ, барг, поя ва гули растаниҳои сабз ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Таназзули муҳити зист дар натиҷаи азхудкунии болооби Оқтош ва минтақаҳои ҳамсарҳади он, шикори ғайриқонунӣ ва аз ҳад зиёд чаронидани чорво сабабҳои асосии маҳв гардидани ин намуд гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади барқарор намудани ҷамоаи суғури Мензбир дар ғўруқи Оқтош онро аз мамнуъгоҳи Чатқол (Ўзбекистон) оварда ба шароити қаторкўҳи Қурама аз нав мутобиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Давыдов, I960, 1974, 1977, 1988; Кацитонов, 1978; Саидов, Абдулназаров, 2007..
ХАРМУШИ ЗАРД
Citellus fulvus (Lichtenstein, 1823) Қатори
Хояндагон ‒ Rodentia Оилаи
Санҷобшаклон ‒ Sciuridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ дар даштҳои Мирзочўл ва Дилварзин, доманакўҳҳои қаторкўҳи Туркистон (атрофи Ғончӣ, Истаравшан, Шаҳристон) ва Зарафшон (атрофи Панҷакент, Зебон) дар баландиҳои 300-1600 м аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар заминҳои бекорхобида ва навкорам, атрофи кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва юнучқазор, пахтазори навкорам, боғ, полиз, заминҳои партов, канори роҳ, хоктўдаи канал ва заҳбурҳо, минтақаҳои назди туғайзор вомехўрад. Дар қабристонҳо низ маскан мегирад.
Саршумор
Дар солҳои 50-60-уми асри ХХ хармуши зард ба гурўҳи хояндагони зараррасон мансуб буд. Айни замон дар шохаҳои ҷанубӣ-ғарбии доманакўҳи қаторкўҳи Қурама ва шохаи ҷанубӣ-ғарбии қаторкўҳи Зарафшон ба ҳисоби миёна 3,5 фард ва дар заминҳои бекорхобидаю навкорами дашти Дилварзину нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Туркистон 8-9 фард дар 1 га ба қайд гирифта шудааст. Дар минтақаҳои обёришавандаи ҳамворӣ нобуд гардидааст.

пешина
аз 256
навбатӣ