Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол фақат 4-5 моҳ (феврал-июл) фаъол аст. Баъди бедор шудан аз хоби зимистона, охирҳои моҳи феврал ва аввалҳои моҳи март ба афзоиш шурўъ мекунад.
Ҷуфтшавии ҷинсҳо ҳамоно баъди хоби зимистона нимаи моҳи феврал ва аввалҳои моҳи март
ШИРХЎРОН
Mammalia ҷараён мегирад. Дар 11-12-моҳагӣ болиғ мешавад. Соле як маротиба афзоиш намуда, аз 3 то 14 насл медиҳад, қариб 50%-и бачаҳояш нобуд мегарданд.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабабҳои асосии маҳдуд гардидани масоҳати паҳншавӣ ва саршумори хармуши зард обёрӣ намудани даштҳои бекорхобидаи Мирзочўл ва Дилварзин ба ҳисоб меравад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш меёбад, вале афзоиш намекунад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамоаҳои ҷудогонаи хармуши зардро дар доманаи қаторкўҳҳои Туркистон ва Зарафшон зери муҳофизат қарор дода, дар муҳити сукунати он фаъолияти хоҷагидории инсонро маҳдуд кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Виноградов, Иванов, 1945; Давыдов, 1964, 1974, 1977, 1980, Саидов, 2012.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ҶАЙРАИ ҲИНДӢ
Hystrix indica (Kerr, 1792) Қатори
Хояндаҳо ‒ Rodentia Оилаи
Ҷайраҳо ‒ Hystricidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ, Марказӣ ва Шимолӣ дар баландиҳои 300-2600 метр аз сатҳи баҳрпаҳн гардидааст. Дар минтақаҳои кишоварзии водиҳои Зарафшон, дарёи Сир ва доманакўҳҳои қаторкўҳи Ҳисор нобуд гардидааст .
Муҳити сукунат
Дар мавзеъҳои релефашон ноҳамвор ва дорои сарчашмаҳои обӣ, нишебиҳои серҷари дома­ накўҳҳо, селроҳаҳои канори дарёҳо, ҷангалзорҳои сираки дарахтӣ-буттагӣ, нишебиҳо ва дараҳои серсанг вомехўрад.
Дар минтақаҳои ҳамвор ва дома­ накўҳҳо паноҳгоҳи ҷайра дар наздикии мавзеъҳои антропогенӣ ҷойгир мебошад. Ба туғайзорҳои поёноби дарёҳо танҳо барои ғизогирӣ ворид мегардад.
Саршумор
Саршумори умумии ҷайра дар Тоҷикистон дар ҳудуди 850-1300 фард баҳогузорӣ карда мешавад.
70% популятсияи он дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ воме­ хўрад. Саршумори ҷайра дар
1 га минтақаҳои нимбиёбонӣ ва доманакўҳӣ аз 0,5 до 2 фардро ташкил медиҳад. Дар заминҳои лалмӣ ҷайра одатан дар атрофи кишти зироатҳои полезӣ дучор меояд ва саршумори он дар фасли тобистону тирамоҳ дар ҳар 10 га аз 1 то 6 фардро ташкил медиҳад.
Дар минтақаҳои ҷангалзори кўҳӣ дар 1 км мураббаъ 1-2 фард вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Тарзи ҳаёти шабона мегузаронад.
Дар як сол як маротиба афзоиш мекунад. Ҷинсҳои ҳомила аз моҳи март то моҳи моҳи август вомехўранд. Аз 1 до 4 насл таваллуд мекунад. Дар 3-4 солагӣ ба балоғат мерасад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, аз худ намудани минтақаҳои ҳамвор ва доманакўҳҳо ба мақсади кишоварзӣ, аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар муҳити сукунат, зимистони каҳратун ва сербарф омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори ҷайра мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ хуб парвариш меёбад ва афзоиш мекунад.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади пурзўр намудани ҳифзи ҷайра шикори ғайриқонунии он бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад. Фаъолияти хоҷагидории инсонро дар муҳити сукунати он маҳдуд намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Тўраев, 1973; Давыдов, 1988; Саидов, 2010.

пешина
аз 256
навбатӣ