Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Кирминаҳои сўзанаки зебо дар кўлу кўлмакҳои обашон гарми ҷоринашавандаи сернаботот сукунат меёбанд.
Саршумор
Маълумот вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Сўзанаки зебо соле як маротиба афзоиш мекунад (намуди униволтӣ). Давраи фаъолнокии ҳаёти фардҳои болиғ ба моҳҳои май-август рост меояд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот нест.
Омилҳои маҳдудкунанда Зери таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон хушкидани кўлмакҳо ва ба сифати обхўраи чорво истифода бурдани онҳо, ки ҷойи зисти кирминаҳои сўзанаки зебо мебошанд сабаби асосии маҳдуд гардидани саршумори ин намуд гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Таҳти муҳофизат қарор додани ҷойҳое, ки кирминаҳои сўзанаки зебо зиндагӣ мекунанд (кўлҳои хурди кўҳӣ). Таҳқиқ кардани сўзанаки зебо дар мамнуъгоҳи "Ромит", ки солҳои 80-уми асри ХХ ҷамоаи хурди он ба қайд гирифта шудааст. Ба мақсади таҳия намудани чораҳои ҳифз ҷойҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии сўзанаки зебо бояд муфассал омўхта шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисов, Харитонов, 2007; Schoter, Borisov, 2012.
СЎЗАНАКИ КИРИЧЕНКО
Anormogomphus kiritshenkoi (Bartenet)
Қатори
Сўзанакҳо ‒ Odonata Оилаи
Сўзанакҳои гомфидия ‒ Gomphidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Ареали ин намуд қисми ҷанубу ғарбии Осиё, ҷанубу шарқии Туркия, Покистон ва Ҳиндустон, соҳилҳои Мекрану халиҷи Форс ва поёноби дарёи Сирро фаро мегирад.
Дар Осиёи Марказӣ аҳёнаҳён дар ҳудуди Қазоқистони Ҷанубӣ, Ўзбекистон ва канали Қароқум (Туркманистон) паҳн гардидааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар поёноби дарёи Вахш (мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
ва атрофи Қумсангир ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Дар дарё ва кўлҳои обашон доимӣ ҷоришаванда вомехўрад. Кирминаҳояш дар дарёҳои дар ҳамворӣ ҷойгир буда ва обҳои равони иншоотҳои обёрикунанда, ки соҳилашон бо гил ва қум пўшида шудааст дучор меояд.
Саршумор
Маълумот вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Кирминаҳояш эндобентосии пело-псаммофилӣ мебошанд. Инкишофи давраи ба балоғатрасӣ 4 сол давом мекунад. Наслдиҳӣ шабона ҷараён мегирад. Фардҳои
ҲАШАРОТ
Insecta болиғи он шабона ба рўшноии фаробунафш парида меоянд.
Омилҳои маҳдудкунанда Маълум нест.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Ба мақсади таҳия намудани чораҳои ҳифз ҷойҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии сўзанаки Кириченко бояд муфассал омўхта шавад. Ҳифзи ҷамоаи ин намуд ва мавзеъҳои хоси зисти онро дар мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Suhling, Muller, 1996; Борисов, 2008 а, 2008 б.
ҲАШАРОТ
Insecta
СЎЗАНАКИ ЛЕФЕБВР
Onychogomphus lefebvrii (Rambur,1842)
Қатори
Сўзанакҳо ‒ Odonata Оилаи
Сўзанакҳои гомфидия ‒ Gomphidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир.VU.
Паҳншавӣ
Дар Туркияи Шарқӣ, Миср, мамолики Шарқи Наздик, ҷумҳуриҳои Қавқоз, Эрон, Туркманистони Ҷанубӣ, Қазоқистони Ҷанубӣ, Қирғизистон ва Тоҷикистон паҳн гардидааст. Дар Тоҷикистон сўзанаки Лефебвр дар 4 нуқтаи паҳншавии он дар атрофи Даҳанакиик, мавзеъи Ромит, Файзобод ва Кўлоб ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Дар кўҳсор ба назар мерасад.
Кирминааш дар дарёчаву рўдҳои обашон қисман шўртаъм, ки қаъри онҳо аз сангрезаҳо иборат аст дар баландиҳои 650-1300 метр аз сатҳи баҳр инкишоф меёбад.

пешина
аз 256
навбатӣ