Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Дар рўду ҷўйборҳои сунъӣ онро дарёфт накардаанд.
Саршумор
Муайян карда нашудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ нагардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз байн рафтани рўду дарёҳое, ки сукунатгоҳи кирминаҳои сўзанак мебошанд дар натиҷаи фаъолияти инсон ва бунёди минтақаҳои истироҳатӣ дар ин мавзеъҳо боиси аз байн рафтани он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифз намудани маҳалҳои сукунати кирминаҳои сўзанак (дарёчаву рўдҳое, ки аз чашмаҳо манбаъ мегиранд) яке аз тадбирҳои асосии ҳифзи сўзанаки Лефебвр мебошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисов, 2008; Dumont, Haritonov, Borisov, 1992; Suhling, Muller, 1996.
СЎЗАНАКИ ИФТИХОРӢ
Cordulegaster coronata (Rambur,1842)
Қатори
Сўзанакҳо ‒ Odonata Оилаи
Сўзанакҳои шашпар ‒ Cordulegastridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир.VU.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тиёншон, Помиру Олой ва Ҳиндукуш аст. Дар Қазоқистони Ҷанубӣ, Қирғизистон, Ўзбекистон, Туркманистони Ҷанубу Шарқӣ ва Афғонистон паҳн гардидааст. Дар Тоҷикистон дар Ҳисору Дарвоз дучор меояд.
Муҳити сукунат
Хоси кўҳсор мебошад. Дар баландиҳои 700-3200 метр аз сатҳи баҳр мушоҳида мешавад. Кирминааш асосан дар дарёву дарёча­ ҳои кўҳӣ, ки аз барфу чашмаҳо ғизо мегиранд, инкишоф меёбад.
Аҳён-аҳён дар ҷўю каналҳои доманакўҳҳо низ дучор меояд.
Саршумор
Маълумот вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ нагардидааст. Кирминааш 3-4 сол инкишоф меёбад.
Давраи фаъоли фардҳои болиғ ба моҳҳои июн-сентябр рост меояд.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз таъсири инсон хушкидани оби ҳавзаҳое, ки зочаҳои сўзанак сукунат доранд, боиси камшумории он мегардад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз
Дар мамнуъгоҳи «Ромит» ин намудро таҳқиқ намудан лозим аст.
Рўду дарёчаҳое, ки кирминаи сўзанак ифтихорӣ сукунат меёбад бояд таҳти муҳофизат қарор дода шаванд.
Сарчашмаи иттилоот:
Попова, 1951; Борисов, 2008; Борисов, Харитонов, 2008.
ҲАШАРОТ
Insecta
СЎЗАНАКИ ИМПЕРАТОРӢ
Anax imperator (Leach, 1915) Қатори
Сўзанакҳо ‒ Odonata Оилаи
Сўзанакҳои болҳояшон баробарпаҳлў ‒ Aeschnidae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар тамоми Африқову Аврупо, дар Шарқ бошад то Скандинавия дучор меояд. Дар Осиё дар қисми ҷанубии назди Урал, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, қисми шимоли Эрону Афғонистон ва шимолу ғарби Ҳиндустон паҳн гаштааст.
Муҳити сукунат
Дар Тоҷикистон муҳити сукунати ин намуд ҳамворию кўҳҳо (то баландиҳои 2200 метр аз сатҳи баҳр)-ро дар бар мегирад. Кирминааш дар кўлҳои начандон калони сернаботот сукунат меёбад.
Дар ҷўю ҷўйборҳо низ маскун мешавад.
Саршумор
Маълумот мавҷуд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ нагардидааст. Соле як маротиба насл медиҳад. Давраи парвози сўзанаки болиғ аз охирҳои моҳи апрел оғоз шуда, то моҳи август идома меёбад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи фаъолияти кишоварзии инсон муҳити сукунати кирминаи ин сўзанак (кўлҳои начандон калон) маҳдуд ва ё пурра аз байн рафта боиси тадриҷан кам гаштани он дар табиат мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити сукунати кирминаи сўзанаки императорӣ, яъне дарёчаҳои хурди кўҳиро, дар мамнуъгоҳи "Ромит" зери муҳофизат қарор додан зарур аст.

пешина
аз 256
навбатӣ