КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи аз худ намудани минтақаҳои ҳамвор ва доманакўҳҳо ба мақсади кишоварзӣ, чаронидани чорво, муҳити сукунати муши пойдарози Севертсов ба қитъаҳои алоҳида ҷудо гардидааст ва ҷамоаҳои парокандаи он дар арафаи маҳвшавӣ қарор доранд.
Дар солҳои зимистонашон қаҳратун ва сербарф шумораи зиёди фардҳои муши пойдарози Севертсов нобуд мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади дар оянда ҳифз намудани ҷамоаи муши пойдарози Севертсов мавзеъҳои хоси сукунати онро дар поёноби дарёи Кофарниҳон ва доманакўҳҳои Туюнтов ғўруқҳои хурд эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Стальмакова, 1961; Давыдов, 1964, 1988; Саидов, 2010.
МУШИ ПОЙДАРОЗИ ХУРД
Аllactaga elater (Lichtenstein, 1825) Қатори
Хояндаҳо ‒ Rodentia Оилаи
Мушҳои пойдароз ‒ Dipodidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Шимолӣ дар даштҳои Дилварзин ва Мирзочўл, доманаи қаторкўҳҳои Қурама ва Туркистон вомехўрад. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ дар минтақаи биёбони водии Вахш, поёноби дарёи Кофарниҳон, доманакўҳҳои Койкитов ва Туюнтов паҳн гардидааст. Сарҳади амудии паҳншавии он баландиҳои 300-1000 метр аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад.
Муҳити сукунат Дар биёбонҳои қумию хокӣ, сершағал, санглох ва шўрзамин, китъаҳои қўмзор ва назди туғайзор, баъзан дар атрофи кишти заминҳои обӣ ва лалмии зироатҳои полезию ғалладонагӣ вомехўрад.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар водии Вахш сершумор буд.
Айни замон дар 1 га биёбонҳои гилзамин ба ҳисоби миёна 2-7, дар биёбонҳои кумӣ 1,5-5, дар биёбонҳои сангзор – 1,5-4, дар шўразаминҳо - 0,5-3 ва дар заминҳои партову бекорхобида - 0,2- 1,5 фарди муши пойдарози хурд вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Аз моҳи март то октябр афзоиш мекунад. Аз 2 то 8 насл медиҳад.
Тухм, лўндак, реша ва қисмҳои сабзи растаниҳои гуногунро ғизо мегирад. Моҳҳои октябр-ноябр ба хоби зимистона меравад ва моҳи март аз хоб бедор мешавад.
Тўъмаи рўбоҳ, мири МУШИРХЎРОН Mammalia шони ало ва баъзе парандагони соҳибчанголи шабгард ба ҳисоб меравад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш имконпазир аст, вале афзоиш намекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Таназзули муҳити сукунат дар натиҷаи аз худ намудани минтақаҳои ҳамвор ва доманакўҳҳо ба мақсади кишоварзӣ, бад гарди дани шароити муҳити сукунат аз таъсири чаронидани чорво, омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори муши пойдарози хурд мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз Ҷамоаҳои ҷудогона ва парокандаи муши пойдарози хурдро дар минтақаҳои биёбонӣ, нимбиёбонӣ ва доманакуҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубӣ- Ғарбӣ таҳти муҳофизат гирифта, дар муҳити сукунати он фаъолияти хоҷагидории инсонро маҳдуд намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Давыдов, 1964, 1975, 1977, 1988; Саидов, 2010.
ШИРХЎРОН
Mammalia
РЎБОҲИ ТУРКМАНӢ
Vulpes corsac tukmenica (Ognev) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Сагшаклон ‒ Canidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар солҳои 30-юми асри гузашта дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, атрофи Шаҳритус ба қайд гирифта шудааст. Дар даҳсолаҳои охир маълумоти аниқ оид ба паҳншавии рўбоҳи туркманӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё