КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
МУШИ ПАРРОН
Dryomys nitedula Pallas, 1779 Қатори
Хояндаҳо ‒ Rodentia Оилаи
Мушҳои паррон ‒ Gliridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар ҷангалзорҳои кўҳии қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Пётри I, Вахш, Ҳазратишоҳ ва Помири Ғарбӣ ва боғзорҳои дар ҳамворӣ ҷойгиршудаи Тоҷикистони Шимолӣ паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси сукунати муши паррон ҷангалзорҳои кўҳии сирак, паҳнбарг ва наздисоҳилӣ мебошад.
Дар минтақаҳои баландкўҳ (2300-3400 метр аз сатҳи баҳр) дар нишебиҳои харсангдор, шах ва зери сангзорҳо зиндагӣ мекунад.
Дар минтақаҳои ҳамвор ва наздикўҳии Тоҷикистони Шимолӣ дар боғҳои мевадиҳанда (себ, гелос, зардолу) вомехўрад.
Дар тарқиши дарахтон паноҳ меёбад.
Саршумор
Новобаста ба паҳншавии васеъ, дар даҳсолаҳои охир дар тамоми ҳудуди ареали муши паррон маҳдуд гардидани саршумори он ба назар мерасад. Дар ҷангалзори наздисоҳилӣ ва паҳнбарг саршумори он 2,2% дар 100 дом/шабонарўз ва дар боғҳои мевадиҳанда 3,8% дар 100 дом/ шабонарўзро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар шароити ҷангалзорҳои кўҳии қаторкўҳи Ҳисор, охирҳои моҳи апрел, аввалҳои моҳи май афзоиш мекунад. Аз 2 то 7 бача таваллуд мекунад. Аз қисмҳои нашвии растаниҳо, тухм, мева, буттамева ва ҳашарот ғизо мегирад.
ШИРХЎРОН
Mammalia
Омилҳои маҳдудкунанда Сабабҳои камшумор гардидани муши паррон аниқ маълум нест.
Буридани ҷангалзорҳои кўҳӣ боиси таназзули муҳити сукунати он мегардад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ хуб парвариш меёбад.
Тадбирҳои ҳифз
Роҳ надодан ба буриши ҷангалзорҳои кўҳӣ, зери муҳофизат қарор додани мавзеъҳои сукунати антропогенӣ ва тарғиби донишҳои илмӣ оид ба ҳифзи муши паррон дар байни оммаи васеъи мардум.
Сарчашмаи иттилоот:
Соснина, 1955; Давыдов, 1988; Саидов, 2010.
ШИРХЎРОН
Mammalia
МУШИ ПОЙДАРОЗИ
СЕВЕРТСОВ
Allactaga severtzovi Vinogradod Қатори
Хояндаҳо ‒ Rodentia Оилаи
Мушҳои пойдароз ‒ Dipodidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Шимолӣ дар даштҳои Дилварзин ва Мирзочўл, даштҳои Сомғар ва Ашт, доманаи қаторкўҳи Қурама, нимбиёбонҳои доманакўҳии нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Туркистон вомехўрад. Дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии Тоҷикистон ба таври маҳдуд дар поёноби дарёи Кофарниҳон, доманакўҳҳои Туюнтов, Боботоғ, Койкитов, атрофи Шаҳритўс ва Бешкент паҳн гардидааст. Сарҳади амудии паҳншавии он баландиҳои 300- 1000 метр аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад.
Муҳити сукунат
Дар дар ҷойҳои гилхок, теппаҳои регзор, санглох, баъзан дар биёбонҳои шўрзамин ва мавзеъҳои хушки соҳили дарёҳо, ки набототи сирак мерўяд, вомехўрад. Ба шароити биёбон хуб мутобиқ гардидааст.
Дар мавзеъҳои антропогенӣ вонамехўрад.
Саршумор
Саршумори муши пойдарози Севертсов дар солҳои гуногун тағйир меёбад. Саршумори нисбатан зиёди он дар муҳити хоси сукунат дар қисмати ҷаунубу ғарбии Тоҷикистон 3-4 фард дар 1 км ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Баъд аз хоби зимистона (февралмарт) афзоиш мекунад. Фардҳои модинаи ҳомиладор то охирҳои моҳи апрел вомехўранд. Соле як маротиба афзоиш намуда 1-7 (ба ҳисоби миёна 3,5), насл таваллуд мекунад. Аз қисмҳои нашвӣ, тухм, меваи беш аз 30 намуди растаниҳо ғизо мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё