КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Дар Бадахшон, ағбаи Шаҳристон (қаторкўҳи Туркистон), нишеби ҳои қаторкўҳи Ҳисор (Искандаркўл, Майхура) ва водии дарёи Вахш (туғайзори атрофи Ҷилликўл, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон») паҳн гардидааст. Дар қалъаи Ҳисор, атрофи деҳаи Арзинг, қаторкўҳҳои Пётри I, Дарвоз (мавзеъи Писода) ба қайд гирифта шудааст. Дар баландиҳои 400-4000 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон муҳити сукунати он дар натиҷаи азхудкунии заминҳое, ки муҳити хоси зисти мири мушон ба ҳисоб меравад дигаргун гардидааст.Дар мавзеъҳои кўҳӣ муҳити сукунати он қариб, ки бетағйир мондааст.
Саршумор
Намуди камшумор аст. Танҳо дар кўҳҳо саршумори нисбатан зичи онро дар наздикии ҷамоаи нисбатан зичи хояндаҳо дидан мумкин аст.
Хусусиятҳои биологӣ Мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ гардидани муҳити хоси сукунати мири мушон ва истифодаи моддаҳои заҳрноки кимиёвӣ бар зидди хояндаҳо боиси маҳдудшавии саршумори мири мушон гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар доираи сукунатгоҳи мири мушон 2 мамнуъгоҳ ва як қатор ғўруқгоҳҳо мавҷуданд. Аҳамияти мири мушонро бештар тарғиб бояд кард. Мавзеъҳои паҳншавии мири мушонро ба таври иловагӣ таҳқиқ намуда, зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Виноградов и др. 1935; Розанов, 1935; Чернышев, 1958; Соков, 1972.
МИРИ МУШОНИ
ТУРКИСТОНӢ
Mustela altaica (Pallas, 1811) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Мири мушон ‒ Mustelidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
3 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст.
Паҳншавӣ
Масоҳати паҳншавии мири мушони туркистонӣ танҳо Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро фаро мегирад Дар Ишкошим (дараи Башор, 2710 метр), Шуғнон, Ҷавшангоз (дараи Наспар, 3700 метр) ва Помири Шарқӣ — водии Рангкўл (мавзеъи Саликтош) ва атрофи Шаймоқ паҳн гардидааст.
Дар қад-қади дарёи Панҷ, саргаҳи дарёи Ванҷ ва пиряхи Абдуқаҳор дар баландии қариб 3000 метр аз сатҳи баҳр, Лангар, Кўкҷар ва Раскем низ дучор меояд.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси сукунати мири мушон дар баландиҳои 2710-3700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Дар дараҳое, ки дорои ҷўйҳои хурд ва алафзорони сираканд маскан мегирад.
Саршумор
Дар тамоми ҳудуди сукунатгоҳаш намуди камшумор ба ҳисоб меравад.
ШИРХЎРОН
Mammalia
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ карда нашудааст.
Дар яксолагӣ ба балоғат мерасад.
Моҳҳои феврал-май афзоиш мекунад.
Аз хояндагон ғизо мегирад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш намудани он имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда.
Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи мири мушони туркистониро ба таври васеъ тарғиб намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Розанов, 1935; Виноградов и др., 1935; Соков, 1972.
ШИРХЎРОН
Mammalia
МИРИ МУШОНИ ДАШТӢ
Mustela eversmanni (Lesson, 1827)
Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Мири мушон ‒ Mustelidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Дар солҳои 60-уми асри гузашта дар нишебии шимолии қаторкўҳи Туркистон, ки дар он ҷо саршумори хармуши зард ва муши пойдароз зиёд аст ба қайд гирифта шудааст. Дар даҳсолаҳои охир ягон фарди он ба қайд гирифта нашудааст. Эҳтимол нобуд гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё