КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Дар минтақаи доманакўҳ (дар баландии то 1600 метр аз сатҳи баҳр), дар ҷойҳое, ки набототи нимбиёбонӣ ва биёбонӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Маълумот аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст. Таркиби ғизои мири мушони даштиро асосан хояндагон ташкил медиҳанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Тоҷикистони Шимолӣ дар сарҳади ҷанубӣ-ғарбии ҳудуди паҳншавии мири мушони даштӣ ҷойгир аст, аз ин рў саршумори он зиёд буда наметавонад.
Камшумор ва ё нобуд гардидани мири мушони даштӣ ба таназзули муҳити сукунати он, яъне аз худ гардидани минтақаҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ вобаста аст.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади кор карда баромадани чораҳои муассири ҳифз таҳқиқоти иловагӣ оид ба муайян намудани мавҷудияти ҷойҳои паҳншавӣ ва мавзеъҳои сукунати мири мушони даштӣ гузаронидан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Давыдов, 1965.
МИРИ МУШОНИ АЛО
Vormela peregusna (Gueldenstaedt, 1770) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Мири мушон ‒ Mustelidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар гузашта дар минтақаҳои кўҳии Қаратов (Панҷ), атрофи Фархор, Панҷи Поён, кўҳсори Боботоғ, водии дарёи Сир ва атрофи Панҷакент паҳн гардида буд.
Айни замон дар қисмати ҷанубуғарбии Тоҷикистон - нишебиҳои кўҳи Рангон, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», туғайзори дарёҳои Қизилсу, Кофарниҳон ва Панҷ, водии Зарафшон ба қайд гирифта шудааст. Дар водии дарёи Сир ва доманаи қаторкўҳи Қурама низ дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар туғайзорҳо, минтақаи нимбиёбон ва доманаи қаторкўҳҳо, ки зичии ҷамоаи хояндагон зиёд аст, маскан мегирад. Дар регтеппаҳои дорои буттазорон сукунат меёбад.
Баъзан дар заминҳои обӣ ва ҳатто маҳалҳои аҳолинишин низ вомехўрад.
Саршумор
То солҳои 50-60-уми асри гузашта мири мушони ало намуди маъмули туғайзорҳои Тоҷикистон буд.
Оид ба саршумори ҳозираи ин намуд маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Давраи афзоиши мири мушони ало тўлонист. Ҷуфтшавӣ тирамоҳ сурат мегирад. Давраи ҳомилагӣ беш аз 5 моҳро дар бар мегирад.
Ғизои асосии мири мушони ало хояндагон (калламуши регзор, хармушҳо, мушҳои подароз ва ғ.) ба ҳисоб мераванд.
ШИРХЎРОН
Mammalia
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад. Ба осонӣ дар муддати кўтоҳ ром мешавад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани муҳити сукунат (туғайзорҳо, минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон), истифодаи моддаҳои кимиёвӣ бар зидди хояндагон боиси маҳдудшавии саршумор мири мушони ало гардидааст
.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади таҳия намудани чорабиниҳои илман асосноки ҳифз, паҳншавӣ, хусусиятҳои экологии мири мушони алоро муфассал таҳқиқ намуда, корҳои тарғиботиро оид ба ҳифзи он дар байни омма васеъ ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Виноградов и др., 1935; Чернышев, 1958; Давыдов, 1974; Красная книга СССР, 1978.
ШИРХЎРОН
Mammalia
САГОБӢ (САГЛОБ)
Lutra lutra (Linnaeus, 1758) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Мири мушон ‒ Mustelidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё