Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Моҳҳои декабр-январ ҷуфт мешавад.
Давраи ҳомиладорӣ 92-105 рўз давом мекунад. Одатан моҳи май аз 1 то 4, аксар маврид 2-3 насл медиҳад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва боғхои ҳайвонот парвариш ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ гардидани муҳити сукунат, маҳдуд гардидани саршумори туъма, ноҳинҷорӣ, шикор ва таъқиб аз ҷониби инсон боиси маҳдуд гардидани саршумори леопарди наздиосиёгӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Барқарор ва солим гардонидани муҳити сукунат, бо низом даровардани чаронидани чорво ва пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ миёни оммаи васеъи аҳолӣ барои ҳифз ва барқарор намудани саршумори леопарди наздиосиёгӣ чораҳои зарурӣ ба ҳисоб мераванд.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернышев, 1958; Красная книга
СССР, 1978.
БАБРИ БАРФӢ
Panthera uncia (Schreber, 1775) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Гурбаҳо ‒ Felidae Мақоми ҳифз
Дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи 1 Конвенсияи «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) дохил гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Петри I, Ванҷ, Язгулом, Рўшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкол, Сарикол, Аличури Ҷанубӣ ва Ши молӣ, Вахон ва Пасиолой вомехўрад. 70% масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон ва Помир ҷойгир шудааст.
Муҳити сукунат Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Дар марғзорҳои субал­ пӣ ва алпӣ, нишебиҳои тез, дараҳои чуқур, харсангҳо ва сангтўдаҳо сукунат менамояд. Дар ҳудуди Помири Шарқӣ асосан дар мин тақаи марғзорҳои алпии харсангдор вомехўрад.
Саршумор
То нимаи солҳои 60-уми асри гузашта саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон 1000 фард баҳогузорӣ гардидааст. Дар давоми солҳои 1953-1965 ба нуқтаҳои пустқабулкунии ҷумҳурӣ 450 адад пўсти бабри барфӣ ворид гардидааст.
Саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон тақрибан 250 сарро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Тарзи ҳаёти ҷудогона мегузаронад ва дар мавридҳои алоҳида
ШИРХЎРОН
Mammalia гурўҳҳои хурди иборат то 6 фардро ташкил медиҳад. Аз 1 то 5 бача таваллуд мекунад. Аз охири моҳи январ то миёнаи моҳи март ҷуфт мешавад. Ҳомиладорӣ 93-110 рўз давом мекунад. Дар дусолагӣ ба балоғати ҷинсӣ мерасад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, маҳдуд гардидани саршумори туъма, таназзули Муҳити сукунат Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ хуб парвариш меёбад ва афзоиш мекунад. Дар аксар боғҳои ҳайвоноти дунё ва марказҳои парвариши ҳайвонот нигоҳубин карда мешавад.
Тадбирҳои ҳифз Пурзўр намудани мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба паст намудани хатари дарафтидани бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ, ҳамкории байнисарҳадӣ оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, таблиғ донишҳо дар байни омма.
Сарчашмаи иттилоот:
Соков, 1971, 1972, 1988; Муратов, 2004; Саидов, 2008.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ҒИЗОЛ
Gazella subgutturosa (Gueldenstaedt, 1780) Қатори
Ҷуфтсўмон ‒ Artiodactyla Оилаи
Шохковокҳо ‒ Bovidae Мақоми ҳифз
Дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.

пешина
аз 256
навбатӣ