КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Солҳои 30-юми асри XX дар нимбиёбонҳои саргаҳи дарёи Аму, поёноби дарёи Вахш, соҳили рости дарёи Панҷ ва Кофарниҳон, водии дарёҳои Сир ва Зарафшон васеъ паҳн гардида буд. Аз охирҳои солҳои 40-уми асри ХХ сар карда сукунатгоҳи он маҳдуд гардид. Айни замон ҷамоаҳои ҷудогонаи ғизол дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», қаторкўҳҳои Қаратови Панҷ, Териклитов, Буритов, Оқтов, мавзеъи Сурхкўҳ ва соҳили рости обанбори Қайроққум (Оқбел) боқӣ мондааст.
Муҳити сукунат Дар минтақаҳои ҳамвор, байни регтеппаҳо, биёбон ва нимбиёбони Кашқақум ва Қарадум (дар баландии 350-400 м аз сатҳи баҳр), қаторкўҳҳои Буритов (дар баландии 800-900 м аз сатҳи баҳр), Оқтов ва Қаратови Панҷ (дар баландии 1200-1800 м аз сатҳи баҳр) зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Солҳои 30-юм асри гузашта гурўҳ-гурўҳ (то 40-50 сарӣ) вомехўрд. Солҳои 1960-1965 дар мавзеъҳои дастнораси қаторкўҳи Қаратови Панҷ (18 000 га) ҳамагӣ 20-25 cap ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» (биёбони Қашқақум) айни замон 80 сар ва дар биёбонҳои регзори соҳили рости обанбори Қайроққум 20-
25 сар ғизол боқи мондааст.
Саршумори умумии ғизол дар Тоҷикистон 100 сарро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Ҷинсҳои модина дар 7-8-моҳагӣ болиғ мегарданд. Дар 2-2,5-солагӣ аз нимаи дуюми моҳи ноябр то нимаҳои моҳи декабр ҷуфтӣ мешаванд.
Насли навзод охирҳои моҳҳои апрел ва моҳҳои май таваллуд мешавад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш меёбад ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, маҳдуд гардидани мавзеъҳои сукунат, бенизом чаронидани чорво боиси кашумории ғизол гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Муборизаро бар зидди шикори ғайриқонунӣ дар тамоми мавзеъҳои зисти ғизол пурзўр намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флеров, 1935; Чернышев, 1958; Абдусалямов и др., 1976; Сапожников, 1976; Соков, 1993. Амиров, 2011.
БУЗИ ПАРМАШОХ (МОРХЎР)
Capra falconeri (Wagner, 1839) Қатори
Ҷуфтсўмон ‒ Artiodactyla Оилаи
Шохковокҳо ‒ Bovidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
2 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) дохил гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкўҳи Дарвоз, мавзеъи Яхчипун-Зиғар, қаторкўҳи Ҳазратишоҳ, кўҳҳои Кишваристон, мамнуъгоҳи "Даштиҷум", атрофи Сариғор, Хирманҷо ва Кишт, инчунин дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкўҳи Вахш, кўҳи Сарсарак паҳн гардидааст. .
Муҳити сукунат Дар нишебиҳои сершахи кўҳӣ, ки дарахту буттазори сирак мерўяд, дар баландиҳои 700-2700 м аз сатҳи баҳр вомехўрад. Дар қитъаҳои сершаху харсангдор паноҳ меёбад. Чарогоҳҳои тобистонаи бузи пармашох дар минтақаҳои алпӣ ва субалпӣ ҷойгир шудаанд.
Саршумор
Дар солҳои 60-уми асри гузашта саршумори бузи пармашох 700 сар баҳогузорӣ карда шудааст.
Мувофиқи баҳисобгирии соли 2014 саршумори умумии он 1200 сарро ташкил медиҳад.
Дар мамнуъгоҳи «Даштиҷум» ва ғўруқи «Даштиҷум» 700 cap ва дар мавзеъи Яхчипун-Зиғар 350- 400 сар ба қайд гирифта шудааст.
Ҷамоаи бузи пармашох дар атрофи обанбори Норак дар солҳои 70-уми асри гузашта нобуд гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё