Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубин ва афзоиши гўсфанди Марко Поло дар шароити сунъӣ ғайриимкон аст.
Тадбирҳои ҳифз
Пешгирӣ намудани шикори ғайриқонунӣ, ба низом даровардани чаронидани чорво, манъ кардани ҷамъоварии растании терескен ба афзоиши саршумори гўсфанди Марко Поло мусоидат мекунанд.
Фаъолияти мамнуъгоҳи "Зоркул"
ва Парки миллии Тоҷикистон пурзўр намуда, ҳамкориҳои байни­ сарҳадиро оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳудуди Помири Шарқӣ ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Соков, 1975 а, б, 1977; Сапожников, 1976; Абдусалямов и др., 1976, 1978; Саидов, 2008; Амиров 2011.
ГАВАЗНИ БУХОРОӢ
Cervus elaphus bactrianus (Lydekker, 1900) Қатори
Ҷуфтсўмҳо ‒ Artiodactyla Оилаи
Гавазнҳо ‒ Cervidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
2 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд»
(CITES) ворид гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар ибтидои асри XX дар туғайзори соҳили дарёи Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Ёхсу васеъ паҳн гардида буд. Айни замон дар поёноби дарёи Вахш (мамнуъ­ гоҳи «Бешаи палангон»), соҳили рости дарёи Панҷ ва поёноби дарёи Зарафшон (ғўруқи Зарафшон) вомехўрад.
Муҳити сукунат
Мавзеъҳои хоси сукунати гавазни бухороӣ туғайзорҳои омехтаи дарахтони патта, санҷид, буттазори ҷулгун, қамишзори поёноби дарёҳо ба ҳисоб меравад. Солҳои 60-70-уми асри гузашта ба шароити мамнуъгоҳи «Ромит», ғўруқҳои «Қусавлисой», «Сарихосор»
ва «Даштиҷум» мутобиқ гардонида шуда буд.
Саршумор
Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта саршумори умумии гавазни бухороӣ дар Тоҷикистон 500 сарро ташкил медод. Айни замон дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
140-200, дар ғўруқи «Зарафшон»
10-15 ва дар ҷангалзори соҳили рости дарёи Панҷ 25-30 сар гавазн боқӣ мондааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 16-17 моҳагӣ бордор ва дар 25-26 моҳагӣ насл медиҳад. Наринаи он дар 3 солагӣ болиғ мегардад.
Ҷуфтшавӣ аз охири моҳи АВШИРХЎРОН Mammalia густ то моҳи октябр идома ёфта, давраи ҳамл 7,5-8 моҳро дар бар гирифта, моҳҳои май-июн танҳо 1 насл таваллуд мекунад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш ва афзоиш меёбад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани туғайзорҳо дар солҳои 30-50 асри гузашта, шикори ғайриқонунӣ боиси маҳдуд гардидани саршумори гавазн гардидааст. Ҷамоаи ба шароити мамнуъгоҳи «Ромит» мутобиқгардидаи он (170 сар) дар солҳои 90-уми асри ХХ дар натиҷаи ғўруқшиканӣ пурра маҳв карда шудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи гавазни бухороиро дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
ва ғўруқи Зарафшон пурзўр, мавзеъҳои ҷангалзори омехтаи санҷиду туғайзори соҳили рости дарёи Панҷро ғўруқ эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флёров, 1935; Чернышев, 1958; Абдусалямов, Соков, 1993; Амиров, 2012.
• Абдулназаров А.Г., Квартальнов П.В. Браминский скворец (Sturnus pogodarum Gmelin, 1789) новый вид для фауны Таджикистана.
Изв. АН РТ Отд. медицинских и биол. наук, №1, 2014.
• Абдусалямов И.А. Фауна Таджикской ССР.
Т.19, ч.1: Птицы. – Душанбе: Дониш, 1971.– С.73–75.
• Абдусалямов И.А. Фауна Таджикской ССР.

пешина
аз 256
навбатӣ