Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Танҳо дар қаторкўҳҳои Туркистон ва Зарафшон ба таври хеле маҳдуд паҳн гардидааст. Дар қаторкўҳи Туркистон асосан дар нишебиҳои ҷанубӣ, дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳи Кўҳӣ вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар экосистемаҳои баландкўҳи биёбонӣ, даштӣ ва бешаҳои камдарахти дараю теппаҳои релефашон ҳамвор иборат аз регзор, шағал ва сангрезаҳо, дар баландиҳои аз 1000 то 3000 м аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Саршумор
Дар бораи саршумори ғурм дар Тоҷикистон маълумоти аниқ нест. То солҳои 70-уми асри гузашта, дар қаторкўҳи Туркистон гурўҳҳои алоҳидаи ғурм иборат аз 15 то 60 сар вомехўрданд.
Айни замон саршумори он тамоман маҳдуд гашта, қариб ба нестӣ расидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Биологияи он пурра омўхта нашудааст.
Дар дусолагӣ ба балоғат мерасанд. Мавсими ҷуфтшавӣ ба моҳҳои ноябр-декабр рост омада, муҳлати ҳамл то 4 моҳ давом мекунад.
Моҳҳои апрел ва май модинаи ғурм одатан 1 ё 2 барра мезояд.
ШИРХЎРОН
Mammalia
Омилҳои маҳдудкунанда Таназзули муҳити сукунат зимни аз ҳад зиёд чаронидани чорвои хонагӣ. Сабаби маҳдуд гардидани саршумори он паст гардидани назорат оид ба ҳифзи он дар охири асри ХХ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Шикори он манъ аст, вале мавзеъҳои паҳншавии он зери назорати қатъӣ гирифта нашудааст.
Мониторинг ва тадқиқотҳои илмӣ оид ба омўзиши популятсияи он мунтазам ба роҳ монда шавад.
Таблиғоти экологӣ дар байни омма фаъол гардонида шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Даль, 1936; Мекленбурцев, 1962; Попов, 1963; Бобринский, 1967; Сапожников, 1976; Соколов, 1977, 1990; Красная книга СССР, 1978; Павлинов, Россолимо, 1987.
Раҳимов, 2011, 2013.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ГЎСФАНДИ МАРКО ПОЛО
Ovis ammon polii (Blyth, 1841) Қатори
Ҷуфтсўмон ‒ Artiodactyla Оилаи
Шохковокҳо ‒ Bovidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
2 Конвенсияи «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) дохил карда шудааст.
Паҳншавӣ
Зернамуди гўсфандҳои ваҳшиест, ки дар ҳудуди Помири Шарқӣ
– қаторкўҳҳои Музкол, Пшарт, Аличури Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Вахон, Сарикул, Зулумарт, Пасиолой паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Водиҳои фарохи байникўҳӣ, нишебиҳои даштӣ, марғзорҳои алпӣ, ки дар баландии беш аз 3500 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд муҳити сукунати гўсфанди Марко Поло мебошанд. Вобаста ба фасли сол кўчиши мавсимӣ зоҳир мекунад.
Саршумор
Дар солҳои 60-уми асри гузашта саршумори гўсфанди Марко Поло тақрибан 70 ҳазор сар баҳогузорӣ карда шуда буд.
Тибқи баҳисобгирии соли 2009 саршумори он 24 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 2,5 солагӣ ба балоғат мерасад.
Моҳҳои декабр-январ ҷуфт мешавад. Ҳомиладорӣ 5-5,5 моҳ тўл мекашад. Охирҳои моҳи май ва аввалҳои моҳи июн як, баъзан ду барра таваллуд мекунад.
Дар мавсими тирамоҳу зимистон рамаҳои сершуморро ташкил медиҳад. Дар шароити табиӣ то 10-12 сол умр мебинад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, аз ҳад зиёд чаронидани чорво, ҷамъоварии растании терескен боиси кам шудани саршумор ва таназзули муҳити сукунати гўсфанди Марко Поло гардидааст.

пешина
аз 256
навбатӣ