КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Оилаи Characeae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодири Евросиё.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Аврупо-Кавказ-Осиёи Марказӣ. Дар Тоҷикис тон танҳо дар Искандаркўл ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити рушд
Дар обҳои ширини камнамак, махсусан дар соҳили кўлҳои обашон сард, дар таркиби бентос дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Ch. canescens Desv. et Lois монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи бисёрҳуҷайраи серпояву сершохаи бутташакл, то 25 см қад мекашад. Поячаҳо баъзан дарҳампечинда мебошанд, қутрашон то 1 мм; 5-7 баргчаи гаметангияҳо дар 3-4 буғуми поёнӣ пайдо мешаванд. Оогонияҳо сиёҳчатоби байзашакл, дарозиашон 740-1000 мкм, барашон 200- 460 мкм; антеридияҳо – мудаввар, қутрашон 300-350 мкм.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарёҳо, ифлосии ҷои зист.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор
– нишондиҳандаи сифату покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Музафаров, Мусоев, 1969; Голлербах, Паламарь-Мордвинцева, 1991.
БАНГИЯИ АРҒУВОНӢ
Bangia atropurpurea (Roth) Ag.
Оилаи Bangiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди дар Осиё камёфт, барои таҳқиқи роҳҳои таҳаввулоти обсабзҳо муҳим аст.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Аврупо-Кавказ-Осиёи Марказӣ. Дар Тоҷикис тон дар ҳавзаи дарёи Зарафшон (Зарафшон, Искандардарё, Яғноб, Фондарё, Вешист) ва ҳавзаи дарёҳои Ғунд ва Шохдара ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити рушд
Дар дарё ва рўдҳо, шаршараҳо, рўи сангу шах, дар таркиби бентос ба мушоҳида расидааст.
Намуди ҳамшабеҳ Ба B. fuscopurpurea Ag. монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд шумораи фардҳо то даҳҳо мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи бисёрҳуҷайраи серқабати кортшакли сурхи сиёҳтоб ё тамоман сиёҳ, дарозиаш то 15-20 см, бараш 10-60 мкм; ҳуҷай раҳояш гуногун – чоркунҷа, росткунҷа, байзашакл ва ғайра.
ОБСАБЗҲОИ СУРХ
Rhodophyta
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарё, ифлосии Муҳити рушд
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор
– нишондиҳандаи сифат ё покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Музафаров, Мусоев, 1969; Виноградова, 1980; Қурбонова, 2012.
ОБСАБЗҲОИ СУРХ
Rhodophyta
ШАНТРАНЗИЯИ
ХОКИСТАРРАНГ
Chantransia chalybea (Roth) Fries Оилаи Acrochaetaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди дар Осиё камёфт, барои таҳқиқи роҳҳои таҳаввулоти обсабзҳо муҳим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё