КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Аврупо-Сибир-Осиёи Марказӣ. Дар Тоҷикис тон дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон (Искандардарё, Фондарё), Ғунд ва Шохдара қайд гардидааст.
Муҳити рушд
Дар дарёю рўд ва наҳрҳои обашон сероксиген, чашмаҳо, дар рўи санг, растаниҳои обӣ, ушна ва дигар обсабзҳои макроскопӣ, дар таркиби бентос, эпипелит, эпифит дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Ch. leibleinii Kütz. монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон, баъзан то даҳҳо адад мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи серҳуҷайраи ришташакли хўша ё бандчамонанд; дарозиаш 2-5 (10) мм, рангаш сабзи равшан ё ҷигарӣ. Ҳуҷайраҳояш устувонашакл дарозиаш 22-72 мкм, бараш 8-12 мкм.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарё, ифлосии Муҳити рушд
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои моҳист. Биоиндикатор – нишондиҳандаи сифат ё покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Музафаров, Мусоев, 1969; Виноградова, 1980; Қурбонова, 2012.
БАТРАХОСПЕРМУМ
Вatrachospermum moniliforme Rhoth
Оилаи Вatrachospermaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои таҳқиқи таҳаввулоти обсабзҳо муҳим аст.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Аврупо-Сибир-Осиёи Марказӣ. Дар Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Искандардарё, Анзобсой, Қизилсу, Ғунд ва Шохдара қайд гардидааст.
Муҳити рушд
Дар рўду дарёчаҳои тезҷараёни сероксиген, чашма ва кўлҳои баландкўҳӣ, дар болои санг, растаниҳои обӣ, ушна ва дигар обсабзҳои макроскопӣ, дар таркиби бентос, эпипелит, эпифит дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба B. еctocarpum Sirod. монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд тоқа-тоқа ва баъзан то даҳҳо адад дучор меояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи бисёрҳуҷайраи сершоха ва бутташакли зардча, хокистарранг ё ҷигарӣ, баландиаш то 2-6 см. Растании якҷинса. Поя аз қисми асосӣ, ки дурушт ва
ОБСАБЗҲОИ СУРХ
Rhodophyta пўстлохмонанд аст, ба ҷойгоҳ мечаспад.
Дарозии ҳуҷайраи навдачаҳо 2-60 мкм, барашон 5-10 мкм.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарё, ифлосии ҷои зист.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои моҳист. Биоиндикатор – нишондиҳандаи сифат ё покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Музафаров, Мусоев, 1969; Виноградова ва диг. 1980; Қурбонова, 2012.
ОБСАБЗҲОИ СУРХ
Rhodophyta
ЛЕМАНЕАИ ДАРЁӢ
Lemanea fluviatilis Ag.
Оилаи Lemaneaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Баҳри таҳқиқи таҳаввулоти обсабзҳо муҳим аст.
бентос, эпипелит, эпифитҳо дучор меояд.
рат мегирад. Сперматангияҳо гурўҳ-гурўҳ, мисли лўндачаҳои сурхи сиёҳтоб 3-4 ададӣ дар Намуди ҳамшабеҳ буғумҳо ташаккул меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё