КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
ҚИЛДОРУ
Dryopteris komarovii Koss.
Оилаи Polypodiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Осиёи Миёна.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодири қадимӣ аҳамияти калони илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар ҷануби Осиёи Марказӣ (дар Тиёншони Ғарбӣ ва қаторкўҳи Олой) дучор меояд. Дар Тоҷикистон дар қаторкўҳҳои Ҳисор (ҳавзаи рўди Варзоб – дараи Беғар ва Майхўра) ва қаторкўҳи Туркистон (деҳаи Хиширтоб) ёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар тарқиши шахҳо ва минтақаи ҷангали паҳнбарг месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба D. filix-mass (L.) Schoot. монанд аст.
Шумора
Миқдоран дақиқ омўхта нашудааст.
Кам ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Решапояи росту кўтоҳ дорад, ки бо баргҳои сиёҳтоби куҳна пўшида шудааст. Баргаш дарозрўя ё нештаршакл, сабзи сафедтоб, беҷило; дарозиаш 20-25 см, бараш 5-10 см. Меҳвари асосии сатҳи барг бо пулакчаҳои сиёҳтоб ва мўйякчаҳо пўшида шудаанд. Сорусҳо гирд, дар БОСАРАХСШАКЛҲО Pteridophyta лои барг дар буғумҳои (бандҳои) дуюм дар байни рагҳои миёна ва канорӣ ҷой гирифтаанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Фаъолияти хоҷагидории инсон (кўҳкорӣ, сохтмони роҳ) ва ғайраҳо.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора меафзояд. Маълумот оид ба парвариш маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз Ҳолати онро дар табиат аниқ карда, муҳофизат намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Маслинникова, 1957; Флора Таджикской ССР, 1957; Рябкова, 1970.
САРАХСШАКЛҲО
Pteridophyta
САРАХСИ БОДЛОХӢ
Dryopteris thelypteris (L.) A. Gray Оилаи Polypodiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодири қадимӣ аҳамияти калони илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар Аврупо, Осиё, Баҳри Миёназамин, Америкаи Шимолӣ, Осиёи Марказӣ (Тиёншон, Помиру Олой) дучор меояд. Дар Тоҷикистон онро фақат аз қаторкўҳҳои Вахш (кўли Истон) ёфтаанд.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои сернам, соҳили бодлох мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Миқдоран дақиқ омўхта нашудааст.
Кам ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Решапояи борик, хазанда ва сиёҳ дорад. Баргаш думчадарози суфтаи кам, дарозрўяи нештаршакл, пармонанди ду карат бурида; то
60 см дарозӣ (бе думча) ва 5-18 см бар дорад. Сорусҳо дар қисми байни раги миёна ва қисми канории барг дар ду қатор ҷой гирифтаанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории инсон (кўҳкорӣ, сохтмони роҳ) кам мондааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора ва аз решапоя меафзояд.
Дар бораи парвариш маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз Ҳолати онро дар табиат аниқ карда, барпо намудани парваришгоҳ ҳатмист.
Сарчашмаи иттилоот:
Маслинникова, 1957; Флора Таджикской ССР, 1957; Рябкова, 1970.
БАРГГИЁҲ
Gymnocarpium fedtschenkoanum Pojark.
Оилаи Polypodiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодири қадимӣ аҳамияти калони илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар Ҳимолой ва Осиёи Марказӣ дучор меояд. Дар Тоҷикистон фақат дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор (атрофи деҳаи Пуғўз, дараи Такоб, Оби Оҷиқ ва резишгоҳи рўди Сиёма) ёфт шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё