КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Кўлоб (дар ҳар гектар 200-400 то) ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Тобистон як маротиба насл меорад.
Риветинаҳои нарина худро аз душман бо болашон муҳофизат мекунанд. Дар ин маврид онҳо пардаболро боло мебардоранд ва бол ба ду тараф бодбезаквор паҳн мешавад. Дар чунин ҳолат ногаҳон дар бол пайдо шудани холҳои чашммонанди сиёҳу сафед душманро метарсонад.
Омилҳои маҳдудкунанда Солҳои 70-ум бинобар сабаби ба чарогоҳ табдил ёфтани теппаҳо ва минбаъд кишт кардани ғалладона боиси тағйир ёфтани шароити ҳаёти гаҳвораҷунбон гардид. Агар 20 сол пеш риветинаи Бей-Биенко дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон аз ноҳияи Қумсангир то қаторкўҳи Ҳазратишоҳ паҳн шуда бошад, пас дар айни замон вай дар ин мавзеъҳо қариб тамоман нест шудааст.
Тадбирҳои ҳифз Омўзиши биология, тарғиби намудани муҳофизат, бо роҳи сунъӣ парвариш кардан ва бар зидди ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ истифода бурдани гаҳвораҷунбон зарурат дорад.
Сарчашмаи иттилоот:
Линдт, 1961, 1975.
РИВЕТИНАИ КОНДАРА
Rivetina monticola (Mistshenko, 1956) Қатори
Гаҳвораҷунбонҳо ‒Mantoptera Оилаи
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Manteidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар Кондара (кўҳсори ҷануби қаторкўҳи Ҳисор) дар баландии аз 1200 то 1800 м аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Муҳити сукунат Сокини муқаррарии нимбиёбон аст. Дар гирду атрофи Олимтой риветинаҳо дар кавар (Capparis Spinosa), ки дар он ростболҳо (хўроки гаҳвораҷунбонҳо) афзоиш мекарданд дучор меомад.
Танҳо дар теғаи кўҳҳое, ки қисми ҷануби Кондараро фаро гирифтаанд сукунат дошт.
Саршумор
Аввали солҳои 50-ум дар нишебиҳои ҷануби каторкўҳи Ҳисор (Кондара) намуди муқаррарӣ буд. Ҳангоми баҳисобгирии соли 1951 маълум шуд, ки ин намуди гаҳвораҷунбон дар 1 га биотопи хос то 60 адад вомехўрад. Эҳтимол охирҳои соли 1960 пурра нест шудааст.
Дар солҳои баъдӣ онро дар мавзеъҳои пештараи сукунат дарёфт накарданд.
Хусусиятҳои биологӣ Тобистон як маротиба насл меорад.
Тухмгузориаш ба гаҳвора ҷунбони калон шабоҳат ДОҲАШАРОТ Insecta рад.
Миёнаҳои моҳи июл аз тухмҳо кирминаҳо пайдо мешаванд.
То давраи болиғӣ ширинча, дуболаҳои хурд ва минбаъд малахҳои гуногунро мехўрад.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби асосии нест шудани ин намуди гаҳвораҷунбон ба фаъолияти мунтазам коллексионерҳо ва номуратаб тайёр кардани хошок вобаста мебошад.
Тадбирҳои ҳифз Идома додани ҷустуҷўи ин намуди гаҳвораҷунбон ва дар парваришгоҳҳои махсус нигоҳ доштани он зарур дониста мешавад.
Биологияи риветинаи Кондараро омўхта, онро ҳифз бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Мищенко, 1951, 1956.
ҲАШАРОТ
Insecta
АМБЛИТЕСПИСИ
МИШЕНКО
Amblythespis mistshenkoi (Lindt) Қатори
Гаҳвораҷунбонҳо ‒Mantoptera Оилаи
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Manteidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар туғайзори поёноби дарёҳои Вахш (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон») ва Қизилсу вомехўрад.
Муҳити сукунат Гаҳвораҷунбони ҷавон асосан дар анбўҳи буттаи газ ва гаҳвораҷунбонҳои болиғ бошанд, дар танаи ҷигда (санҷид) вомехўранд.
Саршумор
Соли 1951 дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар 1 га 50- 200-то кирмина ва 1-5 фарди гаҳвораҷунбон ба қайд гирифта шуда буд. Дар мавзеъи Бошишгоҳи Кўҳра («Бешаи палангон») вай тамоман нест шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё