КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Омилҳои маҳдудкунанда Аз ғубори нақлиёт бошиддат ифлос шудани ҳаво ва истифодаи моддаҳои кимиёӣ дар киштзору боғҳо боиси коҳиш ёфтани саршумори гаҳвораҷунбон шудааст.
Афзудани гунҷишки испанӣ ва майна низ боиси маҳдуд шудани шумораи гаҳвораҷунбон гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Истифодаи моддаҳои кимиёиро кам ва зарурати муҳофизати гаҳвораҷунбони дарахтгардро дар байни мактаббачаҳо тарғиб кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Линдт, 1953.
РИВЕТИНАИ КАЛОН
Rivetina crassa (Mistshenko, 1949) Қатори
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Mantoptera Оилаи
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Manteidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии Ҳисор, қаторкўҳҳои Ҳисор, нишебиҳои Боботоғ ва Рангон вомехўрад.
Муҳити сукунат Сокини муқаррарии буттаву дарахтзор аст. Танҳо гаҳвораҷунбонҳои ҷавон дар алафзор вомехўранд. Дар майдонҳои кушоди доманакўҳ ва кўҳсор маскан мегирад. Дар ҷойҳо муҳити зисти доимӣ риветина дар ковокии хок пилла (тухммонак)-ашро гўр мекунад.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар гирду атрофи шаҳри Душанбе сершумор буд. Ҳоло бошад намуд пурра аз байн рафтааст. Эҳтимол дар баъзе мавзеъҳои қаблии сукунат боқӣ монда бошад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар фасли тобистон як маротиба афзоиш мекунад. Кирминаҳо моҳи апрел аз тухм ва пилла мебароянд. Онҳо асосан ширинча ва дуболаҳои хурдро мехўранд. Риветинаи модина рўзе 0,4-0,5 г ҳашароти зиндаро мехўрад. Тарзи тухмгузории он аҷиб аст. Гаҳвораҷунбони болиғ ҳангоми тухмгузорӣ пойҳояшро ба замин гузошта, бо шикамаш чуқурак мекобад (қариб 5 см).
Гаҳвораҷунбони модина дар қаъри чуқурча дар давоми як соат пилла метанад ва сипас ШИҲАШАРОТ Insecta камашро набароварда бо ҷуфти пои ақибаш чуқурчаро бо хок пур мекунад. Ҷараёни тухмгузорӣ 1,5-3,5 соат давом мекунад. Пилла сегўшаи канорҳояш гирд аст.
Кирминаҳо аз пилла дар як вақт мебароянд.
Омилҳои маҳдудкунанда Ҳангоми шудгори заминҳои бекорхобида пиллаи онҳо зери хок шуда кирминаҳо боло баромада натавониста нобуд мешаванд.
Ҳангоми чаридани чорво низ кирминаҳо поймол ва несту нобуд мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз Пеш аз шудгори якум риветинаҳои болиғ, алалхусус модинаи (август-сентябр) онҳоро гирд оварда, ба қитъае, ки барои парваришгоҳ ҷудо карда шудааст cap додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Линдт, 1953, 1975.
ҲАШАРОТ
Insecta
РИВЕТИНАИ БЕЙ-БИЕНКО
Rivetina bey-bienkoi (Lindt, 1961) Қатори
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Mantoptera Оилаи
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Manteidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон дар атрофи шаҳраки Дўстӣ, кўҳҳои Тираклитоғ, Челонтоғ ва теппаҳои шарқии шаҳри Кўлоб (доманаи қаторкўҳи Ҳазратишоҳ) вомехўрад.
Муҳити сукунат Сокини муқаррарии нимбиёбон аст. Дар гирду атрофи Олимтой риветинаҳо дар кавар (Capparis Spinosa), ки дар он ростболҳо (хўроки гаҳвораҷунбонҳо) афзоиш ва инкишоф меёбанд, дучор меомад.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри ХХ дар атрофи шаҳраки Дўстӣ дар ҳар га андаряк 11-12-то буд. Ҳамин миқдор дар гирду атрофи Олимтой (ҳамвории Данғара) низ дучор меомад. Августи 1966 миқдори аз ҳама зиёди он дар атрофи ш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё