Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Баландиаш 30-40 см; 2-4 барги суфтаи риштамонанд дорад, ки аз поя кўтоҳтаранд. Пиёзакаш байзашакл, бо пўстпардаи тўршакл пўшида шудааст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: алафдарав ва чарондани чорво.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғу мамнуъгоҳҳои наботот парвариш наёфтааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Истифодаи растанӣ ҳамчун ғизои инсон маълум нест, онро чорво мехўрад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таҳқиқи мукаммал; ба воситаи тухмӣ ва пиёзак парвариш кардан; ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Флора Таджикской
ССР. Т. II., 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПИЁЗИ БУХОРОӢ
Allium bucharicum Regel Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва хоси маҳал.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда дорад: Помир- Олой - Шимоли Афғонистон. Дар Тоҷикистон дар ноҳияи набототии ҷануб ёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар ҷамоаҳои нимсаванна ва пистазорон дар баландиҳои 400-950 м аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон боқӣ мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растанӣ 10-30 см қад кашида, аз (2) 3 то 6 барги рах-рахи кабудчатоб дорад; баргаш пашмакдори дурушт аст. Пиёзакаш мудаввар (диаметраш 1-3 см), бо ҷилди хокистарранг ё сиёҳча пўшонида шудааст. Гулбаргаш нўгтези гулобӣ, дарозиаш (7) 8- 9 (10) мм.
Апрел-май-июн гул карда, майиюл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: алафдарав, чарондани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғҳои ботаникии шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб парвариш мекунанд.
Ба шароити парвариш мутобиқати хуб дорад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро мехўрад. Нашви кўтоҳ дошта бошад ҳам, ҳангоми гулшукуфт хеле зебо аст. Онро ҳамчун растании ороишӣ истифода бурдан мумкин. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таҳқиқи мукаммал, ба воситаи тухмӣ ва пиёзак зиёд кардани он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Флора Таджикской
ССР. Т. II., 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛПИЁЗ
Allium elegans Drob.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Муҳити рушд
Дар минтақаи дашт ва биёбони нимсаванна, нишебиҳои гилу санглох, шағалзор, тарқиши шахсор (дар баландиҳои 900- 1850 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
хушконидан бунафши равшан аст. Моҳи июн гул карда, июл самар меорад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва хоси шимоли Пимиру Олой.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои хоҷагидории инсон:
Намуди ҳамшабеҳ эҳтимол чарондани мунтаззами Паҳншавӣ
Ба A. litvinovii Drob., ки дар шичорво.
Ареали пароканда дорад: Помир моли қаторкўҳҳои водии Фар– Олои шимолӣ. Дар ноҳияи нағона мерўяд, қаробат дорад.
бототии қаторкўҳи Туркистон, ҳудудҳои Исфара дар чанд маҳал (доманаи қаторкўҳи Туркистон, кўҳи Саритоғ, Силистон; ҳавзаи Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон қайд гардидааст.

пешина
аз 256
навбатӣ