Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии тухмӣ ва парвариши он барои ҳифзу тадқиқот.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1924, 1963, 1971.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
БАРФПИЁЗ
Allium glaciale Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Язғулом.
Паҳншавӣ
Ареали маҳдуд: Зарафшон –Бартанг. Дар Тоҷикистон онро фақат дар се маҳал (қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон аз саргаҳи дарёи Зарафшон, наздикии пиряхи Зарафшон, қад-қади дарёи Каҷраҳо ва саргаҳи дарёи Язгулом, Қумочдара) ёфт намудаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. macrorrhizum Boiss, ки хоси шимоли Эрон аст, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар марғзори кўҳӣ дар баландиҳои 2950-3100 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш бо ҷилди серқабати пўстшакли зарди сиёҳтоб (баъзан тўршакл) пўшонида шудааст. Пояаш нисбатан мустаҳкам (дарозиаш 20-40 см), суфта, анқариб нисфаш бо ғилофаки барг иҳота шудааст.
Чатракаш мудаввари сергул.
Гулбаргаш (дарозиаш 4-6 мм) гулобӣ. Ба воситаи тухм ва пиёзак зиёд мешавад. Моҳҳои июл-август гул карда, август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар таҷриба санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро истеъмол мекунад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии тухму пиёзакҳо, парваридани растанӣ барои ҳифз.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1934, 1963.
ЛАТИФПИЁЗ
Allium gracillimum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи нодир, хоси Тоҷикистони Шимолист.
Паҳншавӣ
Ареали маҳдуд дорад: кўҳи Муғул.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. oreadictyum Vved., ки дар қаторкўҳи Зарафшон мерўяд, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи биёбони нимсаваннаи гармсер, дар тарқиши шахсор (дар баландии тақрибан 1200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон дучор меояд. Баъд аз соли 1986 онро касе начиндааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш ҷигарранг, ҷигарии малла, бо ҷилди лифдор пўшонда шудааст. Пояаш суфтаи борик, 17-42 см қад мекашад. Баргаш 3-4 адад, аз поя ду маротиба кўтоҳтар аст. Чатраш нимдоираи сергул. Ба воситаи тухм ва пиёзак зиёд мешавад. Май-июн гул карда, июн мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: чаронидани чорво, аз худ кардани муҳити рушди латифпиёз сабаби асосии нест шудани он аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар таҷриба санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро истеъмол мекунад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии тухму пиёзакҳо ва парвариши растанӣ барои ҳифзи он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
РАНГОНПИЁЗ
Allium gypsodictyum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи нодир ва хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ.
Паҳншавӣ
Ареали маҳдуд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ дар чанд маҳал (кўҳи Боботоғ, атрофи деҳаи Чагам, Туюнтоғ ва регзори назди андароби дарёҳои Вахш ва Панҷ) ёфт гардидаст.

пешина
аз 256
навбатӣ