КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. turkomanicum Regel (ҷануби ғарби Помиру Олой, қисми ҷануби шарқи Қароқум) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар шахсори гачӣ дар баландиҳои 900-1000 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Дар рушдгоҳаш ягон-ягон мушоҳида мешавад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш байзамонанд, сиёҳчатоби суфта, бо якдигар зич ҷойгиранд.
Ҷилдаш тўршакл, сурхчаи ҷигарӣ (асоси пояро фаро гирифтаанд).
Пояаш 8-35 см қад мекашад; нисфи онро ғилофаки суфтаи баргҳо пўшидааст. Баргаш (2-3 адад) мўякмонанд. Чатраки гирдаи камгул дорад. Ба воситаи тухм ва пиёзак зиёд мешавад.
Моҳи июл гул карда, июл-август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили фаъолияти хоҷагидории инсон: чарондани чорво, аз худ кардани Муҳити рушд Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар таҷриба санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро мехўрад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Ҷамъоварии тухму пиёзак ва парваридани растанӣ бо мақсади ҳифзи он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1941, 1963.
ШИБАРПИЁЗ
Allium hexaceras Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи нодир, хоси Тоҷикистони Марказӣ мебошад.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон онро фақат дар ноҳияи набототии Ҳисору Дарвоз дар маҳалҳои Ҳилоликтоғ ва Каҷов чиндаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Муҳити рушд
Чаманзорҳои алпӣ ва баландкўҳӣ, дар баландиҳои 3200 м аз сатҳи баҳр.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш байзамонанд (қутраш 7-10 мм), сиёҳи хокистарранг. Пояаш нозуки бепат, 4-5 см қад мекашад.
1/3 – 1/2 ҳиссаш бо ғилофаки барг пўшида шудааст. Чатраки мудаввар, баъзан нимдоираи камгул дорад. Гулбаргаш гулобии камранг, дарозиаш 5-6 мм. Ба воситаи тухм ва пиёзак зиёд мешавад.
Моҳи июл гул карда, июлавгуст самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: эҳтимол чарондани ҳайвонот.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар таҷриба санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро истеъмол мекунад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Ҷамъоварии тухму пиёзакҳо ва парваридани растанӣ бо мақсади ҳифзи он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1941, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ХАСАКПИЁЗ
Allium incrustatum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Кам тадқиқ шудааст, хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар ноҳияи набототии Тоҷи кистони Ҷанубӣ фақат дар муҳити Каҷгузар (соҳили Амударё) ёфт шудааст.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни намудҳои А. sabulosum Stev (биёбони Наздибалхаш, Наздиарал, Қизилқум) ва A. рopovii Vved. (Помиру Олой, ҷануби Қизилқум, Мирзочўл) мавқеи мобайниро ишғол менамояд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи нимсаваннаи пастгиёҳ, регзор, дар баландии қариб 350 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Маълум нест. Дар 45 соли охир начиндаанд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш дарозрўяи байзамонанд, қутраш 1-1,5 см, бо ҷилди нафиси сурхчаи равшан ё хокистарранг пўшида шудааст. Пояаш мустаҳкам, баландиаш 45-
85 см, наздики 1/2 ҳиссаи он бо ғилофаки баргҳо пўшида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё