Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Моҳи май гул карда, июн-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: эҳтимол бар асари чарондани чорвои хонагӣ бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариши он дар таҷриба санҷи­ да нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро истеъмол мекунад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Онро ҷустуҷўй бояд кард. Дар сурати пайдо намудан, ҳатман назорат ва парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1935, 1963.
МОРАКПИЁЗ
Allium ophiophyllum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷанубу ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодир.
Паҳншавӣ
Дар кўҳҳои Хоҷақозиён, Ариқтоғ (Тоҷикистон), Хаудагтоғ (Ўзбекистон) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни пиёзиҳо мавқеи хосае дорад, аз ин рў, гурўҳи махсуси Ophiophylla F. Kam.-ро ташкил медиҳад.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои рангон, оҳаксанг дар алафзори сирак Zgophyllum gontscharovii Boris (дар баландиҳои 400-800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст. Тўда-тўда мерўяд. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор.
Пояҳояш рост. Гулаш чатр мебошад.
Дарозии пояш 15-40 см.
Моҳи май гул карда, июн самар медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво ва бо мақсадҳои хоҷагӣ истифода бурда
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae ни маҳалҳои рушд сабаби камшуморӣ ва нестшавии он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариши он дар Боғи набототи ш. Душанбе алҳол натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи онро дар табиат зери назорат бояд гирифт. Муҳити рушдашро ба таври қатъӣ муҳофизат кардан лозим аст. Пиёзи морак барги аҷиб дорад, бинобар ин чун растании ороишӣ парвариш намудани он аҳамияти калон дорад.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1935; Камелин, 1973; Тахтаджян, 1975; Овчинников и др., 1976.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МАРҒИПИЁЗ
Allium paulii Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Помири Ғарбӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодир.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз қаторкўҳи Шахдара (соҳили рости дарёи Бижундара, наздики резишгоҳи дарёи Хотуним) пайдо кардаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. eugenii Vved. (Тиёншон – кўҳсори Қаратоғ) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар марғзор (дар баландии тақрибан 3000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Фақат дар як ҷо мерўяд. Дар муддати
45 сол онро касе начиндааст.
Эҳтимол аз байн рафта бошад.
Хусусиятҳои биологӣ Растании пиёзакдори бисёрсола.
Пиёзакаш тухмшакл.
Пояҳояш рост, то 10-15 см мерасад.
Гулҳояш дар чатр ҷойгир аст.
Моҳи июн гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълумот нест.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Онро ҷустуҷў бояд кард. Дар сурати пайдо гаштан, тухмашро чиндан ва парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963.
ГУШИ БУЗАК
Allium rosenbachianum Regel Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

пешина
аз 256
навбатӣ