КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди нодири хоси Помиру
Олойи Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Ҳисор, Пётри I ва Дарвоз паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар сояи харсанг ва дарахтзорҳо,
дар минтақаҳои ҷангалзори дарахтони паҳнбарг ва арчазорҳо
(дар баландиҳои 1100-2800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба A. jesdianum Boiss. et Buhse
(Эрон) ва A. rosenorum R. M.
Fritsch. хеле монанд аст.
Шумора
Дар муҳити рушд тоқа-тоқа ё чун гурўҳҳои хурд (5-10 растанӣ) месабзад.
Бинобар ҳамин дар 10 м2 то 300-350 бех вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
То 50-90 (100) см қад мекашад.
Пиёзакаш курашакл (қутраш
1,5-4 см), бо ҷилди сиёҳтоби коғазмонанд пўшида шудааст.
Баргаш (бараш 1-5 см) қаламии нештаршакл, аз поя кўтоҳтар аст.
Чатраш курашакл, сергул. Июниюл гул карда, июл-август самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Дар натиҷаи ҷамъоварӣ намудани он ҳамчун растании ғизоӣ ва дорўгӣ қариб ба ҳадди нестӣ расидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Аз тухм ва пиёзак меафзояд. Дар боғҳои ботаникии Душанбе ва
Кўлоб парвариш карда мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Растании ғизоӣ ва доругӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи муҳити рушд, манъ намудани чиндан ва фурўши он; ба роҳ мондани парвариши он муҳим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга
Таджикской ССР, 1988. Флора
Тадж. ССР, т.10.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАТК
Allium schugnanicum Vved.
Оилаи Alliaceae
Мақоми ҳифз
Намудҳои осебпазир. VU. Хоси
Помири Ғарбӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди камёфт ва аз ҷиҳати таснифотӣ баҳспазир.
Паҳншавӣ
Фақат аз назди деҳаи Горҷаки водии дарёи Панҷ ва Сохчарвдара чинда шудааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдор, минтақаи нимбиёбони кўҳӣ (дар баландиҳои 2100-2800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба намуди A.komarowii Lipsky ғарби Помиру Олой монандӣ дорад.
Шумора
Онро соли 1935 П.Н. Овчинников ва К.С. Афанасев чинда буданд.
Соли 2010 Д. Наврузшоев дар назди деҳаи Гоҷак ва Сохчарвдара чиндааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Аз 25 то 55 см қад мекашад. Баргаш дарози нештармонанд (дарозиаш
5-8 см, бараш 3-5 см).Гулбаргаш бунафши равшан, (6-7 мм дарозӣ доранд). Ба воситаи тухм
ва пиёзак паҳн мегардад. Майиюн гул карда, июн- июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Ба киштзор ва боғот табдил додани муҳити рушди ин растанӣ сабаби нестшавии он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Дар Боғи ботаникии Помир парвариши онро таҷриба мекунанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Гули хеле зебо дорад ва метавон онро аввали баҳор истифода бурд. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар сурати пайдо намудан ба таври умумӣ назорат кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963; Наврузшоев,
1998; 2011.
ПИЁЗИ АНЗУР
Allium stipitatum Regel
Оилаи Alliaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Хоси Осиёи Марказӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон,
Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва дар Тоҷикистони Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Дар Қирғизистон,
Ўзбекистон ва Афғонистони Шимолӣ низ вомехўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё