Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Эҳтимол аз чорвочаронӣ зарар мебинад ва поймол мешавад.
Мумкин аст аз сабаби маҳдудии муҳити рушд аз байн равад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи табиии камолкаҳакро зери назорат гирифта, муҳити рушди онро ҳифз кардан даркор аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин, 1959, 1974; Шишкин, 1951; Тахтаджян, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПАРАСИЛАУС
Parasilaus asiaticus (Korov.) М. Pimen.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Гиёҳи хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Афғонистони Шимолӣ аст.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз ҷануби Наздидарвоз (қаторкўҳҳои Тирай, Кўҳифурўш) ёфтаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Фақат як хел аст (ҷинси монотип) .
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху сершағал, минтақаи ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг (дар баландиҳои 1400-2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Онро фақат аз 3-5 ҷой чиндаанд.
Дар 3 мавзеъ омўхта шудааст, аз даҳ то сад бех парасилаус месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 60-100 см қад мекашад. Решаҳояш асосӣ, тирреша мебошад. Пояҳояш тоқа (баъзе ҳолатҳо 2-3-то). Хўшагулаш аз
8 то 20 гўл дорад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Роҳкушоӣ сабаби асосист.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҷиҳати таснифот ҷолиби диққат аст. Ҳолати табиии онро ба зери назорат гирифтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Шишкин, 1951; Тахтаджян, 1975; Пименов, 1978.
ШАҚОҚУЛ
Kafirnigania hissarica (Korov.) R.
Kam. et Kinz.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистони Марказӣ аст.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз ҳавзаи дарёи Сардаи миёнаи нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор пайдо кардаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди Peucedanum L. мавқеи хоса дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи минта­ қаи ҷангалзори паҳнбарг (дар баландиҳои 1200-1700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Дар 5-6 мавзеъи ҳамшафат тақрибан 100 бех шақоқул мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи поликарпӣ, 50-80 см қад мекашад. Решаҳояш тирреша, якчандто пояҳои рост дорад. Хўшагулаш чатр, аз 20-25 гул иборат аст.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Роҳкушоӣ мавҷудияти шақоқулро, ки худ камшумор аст, дар зери хавф мегузорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухмаш хуб мерўяд, вале ба зудӣ нобуд мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҷиҳати таснифот ҷолиби диққат аст. Аз ҳисоби шахсоре, ки шақоқул мерўяд, мамнуъгоҳи «Ромит»-ро васеъ бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин, 1947; Тахтаджян, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
БУЗРАВӢ (АЛАФИ САХТБАРГ)
Seseli sclerophyllum Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистон аст.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз нишебиҳои ҷануби Дарвоз пайдо кардаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намудҳои S. afghanicum (Podlech.) М. Pimen (Бадахшон, Афғонис­ тон), S. korshinskyi (Schischk.) М. Pimen (Тиёншон), S. depauperatum (Schischk.) Vinogr. (Хитойи Ғарбӣ) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи сершағали минтақаи ҷангалзори паҳнбарг (дар баландии тақрибан 2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.

пешина
аз 256
навбатӣ